Дастгир гардидани шарики гумонбар дар ҷинояти куштори кормандони Комиссариати ҳарбӣ
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 17-уми ноябри соли 2015 дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбари дуюм дар ҷинояти куштори кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дастгир гардид. Ин нафар Раҳматов Шариф Куканович, соли таваллудаш 1995, зодаи шаҳри Кӯлоб, бекор, муваққатан сокини шаҳри Душанбе мебошад.
Бо мақсади муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон бо фармони вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон ёфта буд.
Хотиррасон менамоем, ки 7-уми ноябри соли 2015, тахминан соати 07:20 шахсони номаълум ҳангоми дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе қарор доштан бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пулод, прапоршик Насибов Ҳамза ва ронандаи Комиссариати мазкур Саъдуллоев Рустам муноқиша карда, бо корд номбурдагонро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Дар натиҷа П. Мирзоев ва Ҳ. Насибов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расида, дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






