Давлатдории дунявӣ ва зиёдаравии динӣ
(дар ҳошияи солгарди Конститутсия)
Душанбе, 05.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Вазъияти пуртазоди байналмилалӣ ва бархўрди тафаккуру зеҳнияти қавму миллатҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи муайян кардани модели муваффақонаи давлату давлатдориро, ки дар он дурахши як сиёсати барозандаи мардумсолорӣ, тартибу интизоми иҷтимоӣ, рушди мунтазами иқтисодиёт ва некўаҳволии аҳолӣ эҳсос шавад, ба проблемаи ҳаётан муҳим табдил додааст. Ба таври ғайри чашмдошт сиёсикунонии дин яке аз муаммоҳои ташаккули низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқи мусулмонӣ гардидааст. Ва дар оғози асри XXI барои мардуми кураи Замин зарурати таҷдиди дубораи шохиси имонию эътиқодӣ андаруни динҳои пайравидошта¬ашон пеш омадааст. Агар ба таъбири исломӣ онро маънидод кунем, бояд аз нав аз арза намудани калима оғоз кунем. Маъмулан раванди глобализатсия, осон шудани рафтуомади байни кишварҳо, афзоиши миқдори аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва омезишу бархўрди фарҳангу тамаддунҳоро сабаби зиёдаравӣ ва хушунат дар рафтору муомилаи қавму миллатҳо ва кишвару минтақаҳо гардидааст. Вале аҷобат дар он аст, ки дар ҷаҳон раванди истилои фарҳангӣ-маънавӣ хеле босуръат ҷараён дорад, вале дар масъалаи ҳамгироии иқтисодию истеҳсолӣ, дастгирии кишварҳои рў ба рушд ва инвеститсияи мақсаднок барои пешрафти воқеии онҳо ташаббусҳои ҷолиб кам ба назар мерасанд. Мушкил он аст, ки акнун ҳама гуна низоми сиёсиро ин ё он гурўҳи дунёситез ва уқбодўст зери тозиёнаи танқид қарор дода истодаанд. Магар заминаҳои пайдоиши дунёситезӣ танҳо дар фарҳанги Шарқи мусулмонӣ нуҳуфта аст?! Бояд гуфта шавад, ки низоми дунявият дар сиёсат як шакли сиёсии таъминкунандаи озодии эътиқод буда, ҳеҷ гоҳ даъвои ҳамчун идеологияи динӣ ё бединӣ будан дар ҷомеаро накардааст. Вале дар шароити бархўрди андешаҳои мухталиф дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳоло василае беҳтар аз роҳу равиши тафаккури дунявӣ барои ҳалли нофаҳмиҳо ва ҳамзистии қишрҳои гуногуни ҷомеа пайдо накардаанд. Бояд донист, ки дунявият гуфтан маънои атеизмро надорад, баръакс барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандии муосир бояд тамоми қишру табақаҳо, намоянда¬гони адён ва пайравони ҷаҳонбинии ғайридинӣ бо ҳам тавофуқ кунанд. Дунявият ҳам ифротгароии атеистӣ ва ҳам ифротга¬роии диниро қабул надорад. Айният додани атеизм ва дунявият хатои маҳз аст, ки онро гурўҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсӣ истифода мебаранд.
Бо назардошти ҳамин омилҳо моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин сароғоз гирифт: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд». Ҳанўз 21 сол пеш шаҳрван-дони ҷумҳурӣ ҷонибдории худро барои эъмори давлати навини тоҷикон баён намуда буданд, ки меҳвари бунёдии онро демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ будан ташкил медиҳад. Ва ҳамин арзишҳо пойдевори рушди устувор ва дастовардҳои кунунии мо гардиданд.
Ҳамзамон бояд иқрор намоем, ки масъалаи таносуби мута¬қо¬би¬лан судман¬ди давлати дун¬я¬вӣ ва дин дар ҷомеаи тоҷик мавзўи асосии баҳси доираҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва ақлию зеҳнӣ қарор гириф¬та¬аст. Ҳизбу ҳара¬кат¬ҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми дунявии давлатдории миллиро хилофи ислом ва омили ко¬ҳи¬ши дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона, имрўз тамоюли дуруст баҳо додан ба масъалаи таъсири низоми дунявии давлатдорӣ ба дин байни сокинони кишвар дар ҳоли рў ба афзоиш қарор дорад ва тибқи натиҷаи назарсанҷиҳо мусоҳибон низоми дунявии давлатро барои таъмини пеш¬раф¬ти дин омили муҳим мешуморанд. Дар баробари ин , ақаллияте вуҷуд дорад, ки низоми дав¬лат¬¬дории дунявиро барои пеш-раф¬ти дин монеаи ҷиддӣ медонанд. Ин чунин маъно дорад, ки то ҳанўз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми дунявии давлатдории миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. Аз ин рў, пойдории истиқлолияти давлатии Тоҷикис¬тон ва манфиатҳои волои давлату миллат қотеъона талаб менамояд, ки корҳои идеологӣ ва фаҳмонда-диҳиро тақвият дода, комилан дигар кардани муносибат дар ин самт ба эътибор гирифта шавад. Зеро ин ҳолат аз таъсир доштани таблиғоти ҳаракату ҷараёнҳои тундрав ва мағзшўӣ шудани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарак медиҳад. Набояд фаромўш кард, ки ақаллияти эътирозӣ ҳам вуҷуд дорад ва онҳо норозӣ будани худро аз муноси¬ба¬ти давлати дунявӣ ба дин пинҳон намеку¬нанд ва бетағйир боқӣ мондани мафкураи ин гурўҳ хатарҳои номатлуб ба бор хоҳад овард.
Ҳарчанд дар низоми давлатдории дунявӣ иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо ҳастанд, вале давлати дунявӣ ба дин ҳамеша ҳамчун ҷузъи устувори фарҳанги миллӣ муносибат мекунад ва ҳатто барои рушди дин ба ҳайси падидаи бузурги фарҳангӣ-ахлоқӣ ва сиёсӣ шароити мусоиди ҳуқуқӣ муҳайё месозад. Вале бояд ба эътибор гирифт, ки ҷонибдорони ягонагии дину сиёсат ҳанўз дар ҷомеа кам нестанд. Зиёда аз ин, табақаи рўҳоният дар масъалаи ҳамкории софдилона ва мухлисона кардан бо ҳокимияти давлатӣ то сатҳи масъулиятшиносии ватандўс¬тона такомул наёфтааст. Зеро ин тоифаи мардум дар зери мафҳуми ҳамкории сиёсӣ иштироки намояндагони рўҳоният ва ҳизбҳои сиёсӣ-диниро дар идораку¬нии бевоситаи давлат мефаҳманд. Мутаассифона, дар тасаввури онҳо ақидаи имконпазир будани шомилшавии намояндагони рўҳоният ба сафи ақаллияти созандаи умумимиллӣ ғунҷоиш надорад. Мушкили дигар он аст, ки онҳо таълими диниро ҷузъи маорифи миллӣ надониста, онро бо таълими технократӣ муқобил мегузоранд. Ин шакли тафаккур тақрибан дар аксари кишварҳои арабӣ-мусулмонӣ тасаллут дорад, ки аз маърифати пасти ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии ғайриилмӣ ва надонистани меъёрҳои қонунгу¬зории амалкунандаи давлати дунявӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ гувоҳӣ медиҳад. Дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, кафолатҳо ва озодиҳои сифатан нави конститутсионӣ барои болоравии худшиносии солими динӣ ҳам шароит муҳайё сохтанд ва дар замири аксари кулли шаҳрвандон новобаста ба мансубияти иҷтимоӣ ва сатҳи маърифати дунявӣ эҳтиёҷ ба таълими дурусти динӣ, риояи қудсияти имону эътиқод ва пазируф¬тории анҷом додани корҳои хайру савоб зоҳир гардид. Ин як падидаи мусбат ва талаботи равонию рўҳонии шаҳрвандӣ аст ва ақидаи зиёдаравони рўҳониро дар бобати хусусияти зиддидинӣ доштани низоми дунявии давлатдорӣ комилан рад мекунад. Баръакс, воқеият нишон медиҳад, ки низоми дунявии давлат-до¬рӣ рушди озодонаи динро таъмин намуда, онро аз хусусияти иҷборӣ касб кардан озод кардааст.
Акнун дар арафаи солгарди қонуни сарнавиштсози миллат бо боварии комил гуфта метавонем, ки раванди ташаккули низоми сиёсӣ ва анвои мухталифи инфрасохтори давлатӣ ба таври амудию уфуқӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқи меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд шудааст, Тоҷикистон ҳамчун субйекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст ва дар бахши иҷтимоиёту иқтисодиёт қадамҳои устувор гузошта, барои расидан ба се ҳадафи асосии стратегӣ корҳои зиёде роҳандозӣ мегарданд. Вале дар дохили ҳар гуна ҷомеаи шаҳрвандӣ новобаста ба низоми сиёсӣ се гурўҳи калидӣ – ақаллияти созанда; аксарият ё оммаи васеи мардум; ва ақаллияти харобкор ҳузури доимӣ доранд ва ин вазъият моро намегузорад, ки хотирҷамъ бошем ва лаҳзае ҳам ҳушёрию зиракии сиёсиро сарфи назар кунем. Бӯҳрони моҳи сентябр, ки ба амал омад, аз он дарак медиҳад, ки гурўҳи размандаи харобкор ҳанўз пешаи оштинопазирӣ доранд.
Бояд иқрор шуд, ки аслан аз таҷрибаи истеҳсолӣ ва идеологӣ гузаштани созмону аҳзоб ва ҳаракату ҷамъиятҳои мансуб ба дини ислом солҳои 80-уми асри гузашта дар Афғонистон таҳаққуқ пазируфт. Корбурди атеизми динӣ дар сиёсати Иттиҳоди Шўравӣ ва ба Афғонистон даромадани нерўҳои низомӣ ба оташи ин бадбинӣ равған рехтан гирифт. Пешвоёни муқовимати тундхўёнаи динӣ режими ҳукмрони Афғонистон ва пуштибонони шўравии онҳоро “душман ва ашрор” ном ниҳоданд. Дастгирии сиёсӣ ва молиявии ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурўҳҳои исломии ба ном миллӣ, вале дар асл ифротгаро, тундгаро ва қудратхоҳ дар сатҳи байналмилалӣ Афғонис¬тонро ба мўҳраи калидии муборизаи ду нерўи ҷаҳонӣ – капитализм ва сотсиализм табдил дод. Барои шикаст додани нуфузи шўравӣ дар Афғонистон лоиҳаҳои сершумори исломӣ пешниҳод шудан гирифт, ки тамоми маводи он аз ҷониби коршиносони хориҷӣ ба забони форсии дарӣ омода карда мешуд. Дар солҳои 80-90-ум асри ХХ ҷанги Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеологияи давлатӣ на танҳо дар байни пайра-вони ислом, балки дар миёни мўътақидо¬ни дину кон¬фес¬сия¬ҳои амалку¬нан¬даи дигари ҷомеаи шўравӣ низ як ҳамраъйӣ нисбат ба ҷабрдидагони диниро ба вуҷуд овард. Берун шудани нерўҳои шўравӣ аз Афғонистон ва пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ мавқеъгирии тафаккури диниро дар қолаби исломи сиёсӣ фаъол гардонид ва барои омадани ҳизбу ҷараёнҳои динӣ ба арсаи сиёсат мусоидат кард.
Вале таърихан раванди аз ҳам дур шудани сокинони ду тарафи “рўди Ому бо ҳама паҳноияш” аз соли 1895 оғоз гардид. Дар ин муддат ҳаводиси зиёде ҳамтақдири одаму олами ин манотиқ гардид. Аз қазо чунин иттифоқ афтод, ки қавму миллатҳои Варорўд дар сохтори сиёсию ҷуғрофии панҷ ҷумҳурии Осиёи Миёна шомили давлати абарқудрати Иттиҳоди Шўравӣ бошанд. Дар баробари ҳамаи бурду бохт ва каму кост дар ин ҷумҳуриҳо низоми давлату давлатдорӣ, сиёсату идеология, инфрасохтори саноатӣ, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии комилан фарқкунанда аз он сўйи наҳр ба вуҷуд омад. Ҳар чӣ дар ҷомеаи шўравӣ шуданӣ буд, шуд. Фақат дар анҷоми мавҷудияти кишвари Шўроҳо тағйироти сиёсие дар Афғонистони ҳамсоя ба вуқўъ пайваст ва боз фурсате даст дод, ки шаҳрвандони ҷумҳуриҳои шўравии Варорўд аз ҳоли дўстони дар Афғонистон дурафтодаи худ аз наздик ошноӣ пайдо кунанд. Мақсад гузошта шуда буд, ки дар ин кишвар низоми давлатдории демократӣ ва сотсиалистӣ бунёд кунанд, ҳатто гоҳо онро нимшўхию нимҷиддӣ “ҷумҳурии шонздаҳум” ном мебурданд. Вале мутассифона, қисмат болои Афғо-нис¬тон вазниниҳои сангинеро таҳмил кард. Дар он даврони дур тасаввур кардан номумкин буд, ки нооромӣ дар давлати Афғонистон ва таъсиргузории он ба вазъияти ҷумҳуриҳои минтақа, ба хусус Тоҷикистони тоза ба истиқлол расида то дараҷае боло меравад, ки ҳатто боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардад. Аз ҷониби дигар, таҷрибаи рўзгор чунин баҳра дод, ки буриши Амударё танҳо ҷудошавии марзии мардумон набудааст, балки бо гу¬зашти айём ҷаҳонбинӣ, тафаккур, андешаронӣ, баҳодиҳии арзишҳои миллию динӣ, тарзи зисту рўзгор ва умуман зеҳният (менталитет)-и одамон низ аз ҳам сахт дуру бегона шудаанд. Ва дубора ба ҳам овардани ин парешониҳо кори бисёр мушкил аст. Ба назари мо, таъсири ҳамин рўҳияи манзараи ғайримуқаррарӣ диданҳо дар тўли марзҳои ҷанубӣ равған ба оташи нооромиҳои сиёсӣ бирехт. Ва дуди ғализи он нахуст ба димоғи мардуми тоҷик даромад ва муддате ўро саргаранг кард, вале хамирмояи фитрати азалии миллат зуд ҳушёраш кард.
Дар ин росто, бояд ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин бидонад, ки дар ҳамон солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар паҳнои марзи Афғонистон тани танҳо тамоми масъулияти мубориза бар зидди хунсардӣ ва бедодгариҳои диниро ба дўши худ гирифта, бар ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ садди роҳи ин раванди номатлуб шуд ва густариши сиёсишавии тафаккури диниро дар минтақа ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ муваффақона пешгирӣ кард. Аз ин нигоҳ, ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои ангуштшуморе маҳсуб мешавад, ки дар муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ масунияти истодагарӣ ва пирўз шуданро пайдо кардааст. Ҳам акнун мисли кору фаъолиятҳои дигар зиёдаравии динӣ низ ғарбгаро шуда, корвони худро аз Шарқ ба ҷойҳое наздиктар ба Ғарб интиқол додааст ва ҳоло бо номи ДИИШ дар либоси сиёҳи дўстдории дини ислом корҳои душманони онро баровардаи хайр карда истодааст. Вале ин падидаи шум на танҳо пайванди худро бо манзилҳои қаблан харобкардааш гусастанӣ нест, балки ниятҳои ҳаштповор реша давонидан дар ақсои оламро пеша кардааст. Яке аз озмоишҳои онҳо моҳи сентябри соли равон Тоҷикистонро боз дар маркази ҳадафҳои нопоки худ кашиданӣ шуд, вале хушбахтона, нидои мутантани ҷомеаи шаҳрвандӣ зери парчами “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар!” пирўз омад. Ин гурўҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳама вақт буданду хоҳанд монд ва мо ҳанўз наме¬та¬вонем ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар кунем. Вазъияти ногувори амниятӣ дар ҷаҳон тақозо менамояд, ки мо садди роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем, бо унсурҳои пархошҷў ҳамеша кор барем ва дар айни замон ба корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ хусусияти бебозгашт диҳем. Барои расидан ба мақсади ниҳоӣ истифода бурдан аз ҳама гуна роҳу усулҳои имконпазир ба манфиати кор хоҳад буд.
Таблиғи арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории дунявӣ, бунёди фазои солими андешаронии динӣ, васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузаронидани нишасту вохўриҳо бо мардум, нашри маҳсулоти чопии зарурӣ, мақолаҳои илмию таҳлилӣ, мунси¬фона анҷом додани ташхис¬ҳои тахассусӣ ва посухи саривақтӣ додан ба дархостҳои шаҳрвандон дар сатҳҳои гуногун аз зумраи тадбирҳои муассире ҳастанд, ки пойдевори истиқлолияти давлатиро устувор гардонида, арзишҳои миллию диниро аз омезиши ақоиди бегона ҳифз менамояд. Дар паёми имсолаи телевизонии Сарвари давлат ба муносибати рўзи Конститутсия барҳақ таъкид шудааст, ки “қабули Конститутсия роҳбарияти давлат ва Ҳукуматро ба шоҳроҳи азими дигаргунсозиҳои сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт, ки натиҷаҳои ин раванди нек ба ҳама маълуманд”.
Дар шароити кунунӣ Маркази исломшино¬сӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷи¬кис¬тон ҳамчун ниҳоди илмӣ-таҳлилӣ ва ташхисӣ-тахассусӣ бо камоли масъулият вазифа ва уҳдадориҳои ойинно¬мавии худро иҷро карда истодааст. Мо мутмаинем, ки дар сатҳи баланди касбӣ анҷом додани нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи амалии дастуру супориш¬ҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷи¬кис¬тон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои боэътимод фароҳам меоварад.
Файзулло Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ дар
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон