Дидори сафири Тоҷикистон бо нахуствазири Миср
Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 10 ноябри 2015 Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Арабии Миср Шариф Исмоил дар қароргоҳи худ дар Қоҳира сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Миср ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардид.
Аснои муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Миср аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвари мо ба шумор рафта, боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Арабии Миср, ки моҳи феврали соли 2007 баргузор шуда буд, заминаи устуворро барои тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба гузоштааст. Ба ин муносибат зикр гардид, ки имсол байни роҳбарони ду давлат мубодилаи паёмҳои расмӣ сурат гирифт, ки ин амр аз рағбати муштараки Душанбе ва Қоҳира ба боло бурдани сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Дар сухани ҷавобӣ Раиси Девони вазирони Миср, бо ишора ба умқи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Миср изҳори умедворӣ намуд, ки робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар оянда густариши бештар пайдо хоҳанд кард. Шариф Исмоил таъкид намуд, ки Миср хоҳони тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла неру, гардишгарӣ. саноат ва кишоварзӣ аст. Дар ин росто вай бар аҳаммияти мубодилаи боздидҳои ҳайатҳои ду кишвар ва ҳамкории бозаргонону сармоягузорони ду тараф таъкид намуд.
Нахуствазири Миср афзуд, ки ҳоло вазъи минтақаи Ховари Миёна бисёр печида буда, муборизаи кишвараш бо терроризм ва ифротгароӣ идома дорад. Шариф Исмоил таъкид намуд, ки барои пирӯзӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ҳамкории ҳамаи кишварҳо лозим аст ва Миср дар ин замина ба ҳамбастагии кишварҳои ҷаҳон умедвор аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






