Ду корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино кушта шуд
Душанбе, 09.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 7 ноябри соли равон тахминан соати 07.20 шахсони номаълум ҳангоми дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе қарор доштан бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пулод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи комиссариати мазкур Рустам Саъдуллоев муноқиша карда, бо корд номбурдагонро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Дар натиҷа П. Мирзоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Пас аз чанд муддат шаҳрванд Ҳ. Насибов низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Аз тамоми шаҳрвандоне, ки оид ба ҳодисаи куштор ва шахсияти ҷинояткорони дар он дастдошта маълумот доранд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба мақомоти милитсия хабар расонанд.
Телефонҳо барои тамос: 02, 102, 221-21-21, 221-15-00.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






