Э. Раҳмон «Эҳсоси муҳаббат ба муқаддасоти миллӣ ҳамчун муҳаббат ба Ватан — Модар бояд дар зеҳни фарзандон аз овони хурдсолӣ тарбия карда шавад»
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»). – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ махсус таъкид намуд, ки эҳсоси муҳаббат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ ҳамчун муҳаббат ба Ватан — Модар бояд дар зеҳни фарзандон аз овони хурдсолӣ тарбия карда шавад.
«Мо бояд чунин фазоеро фароҳам созем, ки минбаъд низ тамоми аҳли ҷомеа ва хурду бузурги кишвар таҳти Парчами давлатӣ муттаҳиду сарҷамъ гардида, барои вусъати амалҳои ободкорӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ омода бошанд. Итминони комил дорам, ки меҳру муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи эътиқоду эътимод ба миллату давлат, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои ахлоқиву маънавии халқамон торафт бештару густурда мегардад ва мо таҳти парчами муқаддаси миллӣ бо заҳмати аҳлона ба эъмори ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин муваффақ мегардем», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






