Эрдуғон имкони аз ҷониби С-400 Русия сарозер шудани ҳавопаймои Туркияро дар Сурия зӯроварӣ хоҳад ҳисобид

Ноябрь 27, 2015 11:22

Душанбе, 27.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Агар ҳавопаймои ҳарбии Анқара ҳарими ҳавоии Сурияро вайрон кунад ва агар он бо кумаки дастгоҳи мушакии зиддиҳавопаймоҳо (С-400)-и Русия сарозер шавад, Туркия ба он ҳамчун вазъи таҷовузӣ баҳо медиҳад.
Дар ин бора президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии амрикоии CNN иттилоъ дод.
Ба саволи он ки  дар сурати аз ҷониби ҳавопаймои ҳарбии Туркия вайрон кардани  ҳарими ҳавоии Сурия ва пас аз ин бо дастгоҳи  С-400 зада сарозер  кардани он Анқара чӣ гуна вокуниш мекунад, Эрдуғон ҷавоб дод: «Мо намехоҳем, ки дар минтақа ягон ташаннуҷро бинем. Мо намехоҳем дар ин иштирок кунем. Вале он касе, ки аз Сурия пуштибонӣ карда, ба афзоиши ташаннуҷ мусоидат мекунад, фикр мекунам ба ин ҷавоб мегӯяд».
Ба гуфтаи ӯ: «чунин ҳодисаи ногувор имкон дорад ва он моро (Туркияро) маҷбур мекунад чораҳои минбаъдаро бинем, ки ин бешак, муҳокиманашаванда аст». «Албатта, ин дар муносибот бо ҳуқуқи соҳибистиқлолии мо таҷовуз аст ва  табиист, ки давлат ин ҳуқуқро ҳифз мекунад»,-илова намуд ӯ.
Эрдуғон ба савол дар мавриди он ки оё аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани дастгоҳи зенитӣ-ракетии С-400-и «Триумф»-ро аз ҷониби  Русия ҳамчун хавф барои Туркия ва дигар аъзои иттифоқ бо роҳбарии ИМА медонад, ҷавоб дод: «Тавре ки шумо медонед, Русия кайҳо боз-  ҳанӯз аз давраи ҳукмронии падари Башор Асад Сурияро дар самти мудофиа дастгирӣ мекунад. Русия ба Сурия чунин низоми ракетавиро мефурӯхт ва ё медод. Тасдиқ кардан номумкин аст, ки ин ҳолат соли гузашта рух надода бошад». 
«Чӣ пайомадҳо меорад? Албатта, мо ҳеҷ гоҳ намехостем чунин ҳодиса рух диҳад, ин барои мо вазъияти на он қадар мусоид аст, — гуфт Эрдуғон. — Мо минбаъд низ ҷараёни ҳаводиси минтақаро пайгирӣ мекунем. Мо намехостем, ки иштирокдори онро дунболагир бошем».
Эрдуғон гуфт, ки Анқара ба коҳиш ёфтани равобит бо Маскав манфиатдор нест. «Туркия комилан намехост, ки ҳодисаи мазкур рух диҳад, аммо, мутаассифона, ин воқеа рух дод. Вале мо ин ҳодисаро ҳамчун сарчашмаи ташаннуҷ намеҳисобем. Кишварҳои моро зарур аст, ки дасти якдигарро фишоранд ва ҳамкориро идома диҳанд», — гуфт Президенти Туркия.
Чунонки Владимир Путин таъкид кард, пас аз марги хизматчиёни ҳарбии русӣ, Русия бехатарии ҳавопаймоҳояшро таъмин мекунад. «Бинобар ин, мо он ҷо системаи муосири С-400-ро мустақар кардем, ки он қобилияти дар масофаи дур ба ҳадаф расиданро дорад  ва яке аз системаҳои босамартарини ин навъ дар ҷаҳон аст», — гуфт В. Путин.
Пас аз оне, ки НҲҲ Туркия рӯзи сешанбе бомбаандози СУ-24М-и Русияро сарозер карданд, Маскав ба қароре омад, ки маҷмааи С-400-ро дар бошгоҳи ҳавоии Ҳмеймим дар Сурия мустақар кунад.
Анқара исрор  мекунад, ки ҳавопаймои сарозершуда ҳарими ҳавоии Туркияро вайрон кардааст. Вазорати мудофиаи Русия эълон медорад, ки Су-24 дар ҳудуди Сурия қарор дошт ва «ҳеҷ вайронкорие дар ҳарими  ҳавоии Туркия накардааст».

 

Ноябрь 27, 2015 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад