Фарҳанги оиладориро бояд омӯхт

Ноябрь 17, 2015 03:07

Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Соҳиби  оила  шудан, ба  ин  олами  зебо, вале  пурмасъулият ворид  гардидан  орзуи  ҳар   фарди  ҷомеа  аст. Тантанаи  ба  ин  рӯзи   фараҳбахш  расидан  ҳангомае  дорад  бузургу  нотакрор  —  таманноҳо,  табрикоту  оғӯшкашиҳо, ҳадяҳои  бешумор…
Баробари  ба  забон  овардани  вожаи оила  падар, модар ва фарзандонро  пеши  рӯ  меоварем. Онҳоеро, ки  бо  худ  месозанду  мебозанд, умуман дар  набарди   зиндагонӣ  ғарқаанд.          Оре, оиларо  метавон  давлате  номид, ки  дар  ҳама  маврид  сиёсати  худро  дорад. Асоси  оиларо  зану  мард  ташкил  медиҳанд. Бунёди  мустаҳкамии   оиладорӣ  ба  ҳар  ду, яъне  зану  мард   вобаста  аст. Президенти  кишвар  Эмомалӣ    Раҳмон  дар  Паёми  имсола  маҳз  ба  ҳамин   масъалаи  мубрами   рӯз  диққати  ҷиддӣ  дода,  гуфт: «Мусаллам  аст  ҷомеаи  солим  аз  насли  солим  ташаккул  меёбад.  Вобаста  ба  ин  пешниҳод  менамоям, ки Соли 2015  дар  кишвар  соли  оила  эълон   шавад».            
Аз  қадимулайём  мардуми  соҳибтамаддуни  мо  ба  тарбияи  фарзанд аҳамияти  хосса  зоҳир  намуда, барои  дар  рӯҳияи  ватандӯстӣ, донишандӯзию  маърифатпарварӣ, ҷавонмардию  ахлоқи  хамида, нангу  номус  ба  воя  расонидани  фарзанди  худ  ҳамеша  қӯшиш  мекарданд. Дар  тӯли  садсолаҳо  хонаводаҳои  тоҷик  ҳазорон  фарзандони  фарзонаро  ба  дунё  оварда,  ба  камол  расонидаанд, ки онҳо  барои  халқи  худ  ва  тамаддуни  башарӣ  хизматҳои  зиёди  таърихӣ  кардаанд.  Мо  низ  гуфтаҳои  Сарвари  давлатамонро  ҳамаҷониба  тарафдорӣ  менамоем, зеро  бе  ташкили  оилаҳои  хушбахт  тарбияи  насли  наврас  душвор  аст.                              
Дар  урфият  гуфтаанд: 
Тоҷ  бар  сар  мекунад, зан  мекунад,
Хок  бар  сар  мекунад , зан  мекунад.
Дар  ин  панд  мазмуни  бузурге  ҷойгир  аст. Мо  дар  он ақидае  ҳастем, ки  агар  зан  бе  донишу  фарҳанг  бошад, «хок  бар  сар  мекунад».
Хукумати  кишвар  ба  омӯзиши   ҳатмии  занону  духтарон  дар мактабҳои миёна ва олии   кишвар диққати  махсус  медиҳад. Агар  мо  ҳама  кӯшиши  худро  бештар  ба  ҳамин  самт  равона  созем, он гоҳ  ҷавонзанону  ҷавондухтарон  дар  зиндагӣ  ба  хатоиҳо  кам  рӯ  ба  рӯ  мешаванд. Як сабаби  вайроншавии оилаҳо- такя  бар  расму  русуми  зараровар-никоҳи  хешутаборист. Маҳз  аз  ҳамин  лиҳоз  кӯдакони  маъюб  зиёд  ба  дунё  меоянд  ва  дар  зиндагии  ҷавонон  монеа ба  вуҷуд  меоранд. Вақте ки  дар  оила  падару  модар  соҳибмаърифат  бошанд, ба фарзандони  худ  хислатҳои  ҳамидаи  инсонӣ –  инсондӯстӣ,  меҳнатдӯстӣ,  муҳаббат  ба  ин  хоку  марзу  бум  ва  амсоли  инро  меомӯзонанд. Хар  як  тарбиятдиҳанда,  оила, инчунин  ҷомеаро  зарур  аст  насли  навраси  кишвари  соҳибистиқлоламонро  дар  рӯҳияи  ифтихори  бузурги   ватандорӣ  ва  пос  доштани  арзишҳои  миллӣ  дар  оиладорӣ  ба  камол  расонанд.

 

Ноябрь 17, 2015 03:07

Хабарҳои дигари ин бахш

16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад