Фоҷеаи Париж ҳушдорест барои инсоният
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Инфиҷорҳои пайдарҳам, хунрезиву куштор дар яке аз шаҳрҳои мутамаддини дунё Париж, силсилаамалҳои террористии даҳшатбори паиҳам дар дили Аврупо — Фаронса ҳушдори ҷиддие буд барои на танҳо Фаронса, на танҳо Аврупову Амрико, ин ҳушдор барои тамоми инсоният буд. Ин таркишҳо моро ҳам ҳушдор медиҳанд. Яъне терроризм, ифротгароӣ, бунёдгароӣ оқибатҳои мудҳиш доранд, сарҳад намешиносанд. Ин барбариятест, ки миллату мазҳабу қавмиятҳо барояш тафриқа надоранд. Терроризми имрӯза, терроризме, ки зери ниқоби ислом аст, даҳшатгароиву ваҳшатгароист, ки аз ҳама меъёрҳои одии инсонӣ таҷовуз кардааст. Инҳо ҷамъи амалҳои номардона аз ҷониби гурӯҳҳои силоҳбадастест, ки ба исломи мубин ҳеҷ иртиботе надошта, такя ба неруҳои сиёҳи ғаразпеша доранд, аз онҳо сарчашма мегиранд.
Дар он ҷое, ки на раҳм ҳасту на шафқат, на меҳр ҳасту на муҳаббат, дар он ҷое, ки одитарин одоб ва эътибору қадри инсонӣ чизе нест, ҳеҷ қонун риоя намешавад, чӣ гуна метавон умеде аз имрӯзу фардо дошт? Ва аслан ин ба инсоният ягон мансубият надорад.
Тамоми инсонҳои рӯи замин, тамоми кишварҳои олам терроризмро маҳкум мекунанд, эълом медоранд, ки зидди он ҳастанд, аммо чаро терроризм, ки аз зуҳури он чандин сол гузаштааст, ба ҷои кам шудан, маҳв гардидан афзунтар мегардад? Терроризм бар зидди башарият ҷанг эълон кардааст, аммо чаро башарият қудрате надорад, ки онро аз байн бубарад? Чаро, баръакс, ин падида сол то сол бештару паҳновартару қавитар мегардад ва ба аждаҳое табдил меёбад, ки ҳамаро бетафриқа ба комаш мекашад. Имрӯз терроризм чунон дасти дароз дорад, ки то ҳама гӯшаҳои дунё мерасад.
Саволе ба миён меояд, ки агар башарият зидди терроризм аст, агар тамоми кишварҳои абарқудрат, чунон ки ҳадс мезананд, зидди терроризм ҳастанд, пас чаро онҳо наметавонанд ин аждаҳои одамхӯрро нест кунанд? Оё аз куҷо пайдо шуданд бини Лодану Ал — қоида, ки чандин сол олами мутамаддинро дар зери биму ҳарос нигоҳ доштанд? Оё аз куҷо пайдо шуданд толибон ва сарбозони бешумори бераҳму шафқати онҳо? Оё дар чӣ замина гурӯҳи хунрезу даҳшатбори ба ном Давлати исломӣ пайдо шуд? Кӣ онҳоро таъсис дод, дастгирӣ кард, имконият, маблағҳои ҳангуфт, силоҳи охирзамон ба дасташон дод? Агар онҳоро башарият намехоҳад, чаро онҳо вуҷуд доранд, аз байн бурда намешаванд? Боварии кас намеояд, ки инҳо худ аз пеши худ, бе ҳеҷ кумаку дастгирие арзи вуҷуд карда бошанд.
Аммо ҳақиқат ин аст, ки инҳо ҳама дастпарвари ҳамин абадқудратҳоянд ва аз ҷониби онҳо дастгирӣ меёбанд. Имрӯз акнун баъд аз инфиҷору кушторҳои паиҳам дар Фаронса ҷони онҳо каме ба ларзиш омад, имрӯз дастаи Давлати исломӣ ҷанг бар зидди худи онҳо эълон кардааст.
Пажуҳишҳову таҳқиқоти журналистону ҷомеашиносон ва сиёсатмадорони дунё собит сохтанд, ки дар оғоз барои бунёди ин неруҳои террористиву иртиҷоиву зиддибашарӣ пеш аз ҳама худи ҳамин абадқудратҳо даст доштанд. Ҳадафашон чӣ буд? Яке аз барномаҳои телевизиони Маскав РЕН ТВ муфассал намоишномаи махсусеро бо ҳама далелҳову санадҳо нишон дод. Ҳадафи абарқудратҳо аввалан, пул кор кардан, бой шудан дар фоҷиаи халқу миллатҳои дигар аст. Кайҳо боз ақидае маълум аст, ки абадқудратҳои дунё мехоҳанд аҳолии дунёро, ки имрӯз теъдодаш ба зиёда аз ҳашт миллиард расидааст, ихтисор кунанд. Онҳо мехоҳанд ҳаштод, навад фоизи башариятро, ки мансуб ба миллату қавм ва ирқу насли онҳо нест, аз байн бубаранд, то боқимондагон аз зоти худи онҳо бошанд, сайёраи моро соҳибӣ кунанд. Ин сиёсат кайҳо фош шудааст. Ва таҷриба нишон медиҳад, ки имрӯз хатаре, ки онҳо роҳандозӣ кардаанд, ба сари худашон бозгаштан дорад. “Тире, ки аз мо ҷаста буд, баргаштаву бар мо зада”, — гуфтааст шоир. Ё садҳо зарбулмасали дигареро метавон мисол овард, ки бо онҳо инсоният худро ҳушдор додааст. Мисли, “бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад”. Аммо афсӯс, ки одамизод шири хомхӯрда аст.
Барои чӣ аввалин гурӯҳи террористиро нест накарданд?
Барои чӣ онҳо пайваста неру гирифтанд, ғанитар шуданд, соҳиби аслиҳаи охирзамон ва маблағҳои ҳангуфт гардиданд, то ҳадде, ки акнун пеши роҳашонро гирифтан амри маҳол шудааст? Ҷамъи абадқудратҳо имрӯз қудрат надоранд онҳоро аз байн бубардоранд ва маълум нест, ки ин ҷанг то кай идома мекунад ва дар он кӣ пирӯз хоҳад шуд. Бубинед, имрӯз маълум гардид, ки террористон яроқи охирзамон ва навтаринро аз кадом давлати абарқудрат мехаранд.Чаро он давлат ин корро мекунад? Албатта барои он ки даромад бигирад, фоида бубурад. Он давлат ҳавасманд аст, ки Давлати исломӣ дар сари қудрат бошад ва ин ҷанг идома ёбад. Чаро? Барои он ки нафти Давлати ба ном исломиро, ки тариқи қубурҳои зеризаминӣ ба Туркия ворид мешавад, бо нархи арзон харидорӣ мекунанд. Ин рафтор ду ҳадаф дорад. Аввало, ҷанг идома меёбад, давлати абарқудрат яроқ фурӯхтаву пул кор мекунад. Дувум, нафти Давлати исломиро ба нархи арзон харидорӣ намуда, фоидаи калон ба даст меоранд. Ба ин васила ҳам онҳо даромад мегиранд ва ҳам қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ паст мезанад ва ба иқтисодиёти Русия зиёни бузурге расонида мешавад. Ҳадаф ба зону нишонидани Русия мебошад. Аммо, чунон ки мегӯянд, чоҳкан зери чоҳ аст. Имрӯз силоҳбадастони гурӯҳи бо ном Давлати исломӣ эълон кардаанд, ки ҳадафи ояндаашон тарконидани Қасри сафед аст.
Теъдоди қурбониёни Париж ба 158 нафар расидаст, 350 нафар ҷароҳат гирифтанд ва қисми зиёди онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд. Аксари қурбоншудагон ҷавонони 20 — 30 солаанд.
Сарварони аксари кишварҳои дунё ба фаронсавиҳо ҳамдардӣ эълон карданд. Ин кушторҳои бераҳмонаро маҳкум намуданд, аммо оё бо ин қазияи мазкур ҳалли худро меёбад? Кӣ кафолат медиҳад, ки фардо ин кушторҳои хунин дар гӯшаҳои дигари дунё ба вуқуъ намепайванданд? Оё пешомадҳои талхи ҳамлаҳо ба Ироқу Ливияву дигар кишварҳо кифоят нестанд, ки имрӯз аз онҳо инсоният сабақ бигирад? Ҷуз харобӣ, ҷуз ҷанги бародаркуш, ҷанги мазҳабҳо, ки имрӯз ҳам давом доранд, харобӣ болои харобӣ, фоҷиа болои фоҷиа меоранд, чӣ оварданд ин таҷовузҳо? Ва дар оянда аз ин ҷангҳо, аз ин харобкориҳо, аз ин ниқорҳои мазҳабиву хунӣ инсоният ба куҷо хоҳад расид? Оё метавон ин ҳамаро баъдан ислоҳ кард? Оё он як миллиард сафедпӯсте, ки хоҳад монд, дар ин замину ҳавои заҳролуд аз ҷангу хусуматҳо метавонад зист? Сарвари кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Фаронса Франсуа Оллан изҳори тасаллият намуда, ин аъмоли ғайриинсониро қотеъона маҳкум кард. Ӯ гуфт, ки “ин ҳаводис имрӯз аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо менамояд, ки барои фардои фарзандонамон, барои ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин неруҳои аҳриманӣ, ки ҳаёти аҳли башарро ба хавф гузоштаанд, мубориза барем”.
Оре, барои пешгирии куштори мардуми бегуноҳ, барои пешгирии хунрезие, ки танҳо барои мансубияти мазҳабиву динӣ, танҳо барои ақидаҳои сиёсиву миллист, фақат як роҳи халосӣ, роҳи дурусту наҷотбахш вуҷуд дорад, ки ин ба ҳам омадану аз як гиребон сар баровардани неруҳои солими башарият аст. Танҳо дар дастҷамъӣ, дар муттаҳидӣ ва дар дастгирии ҳамдигарии кулли кишварҳои олам метавон решаи терроризмро аз беху бунёд канд. Ва инро таҷрибаи чандинсолаи амалҳои террористӣ дар гӯшаҳои мухталифи дунё нишон медиҳад. Бояд ба ин бозиҳои сиёсӣ, ба ин ҷанги сарди хатарнок хотима дод. Вагарна ҳеҷ давлате, ҳеҷ кишваре ба бехатариву осоиштагии саёраи мо наметавонад кафолат диҳад.
Як андеша кунед. Террористҳо худ киҳоянд? Аз куҷо омадаанд? Иддае аз онҳо ҳамон фарзандони раҳгумзаи мову шумоянд, ки ба иғвою далолат, найрангу фиребу нерӯҳои ғаразпеша гирифтор шудаву раҳгум задаанд. Онҳоро худи ҳамон абарқудратон барои амалӣ кардани ниятҳои зиддибашарияшон парваридаанд. Ҳазорон нафаре, ки аз содагиву хушбовариашон ба ин ҷараён пайвастаанду пушаймон шудаанд, роҳи бозгашт меҷӯянд. Онҳое, ки хатои худро дарк кардаанд, душвор аст, ки бозгарданд ва инро нафароне, ки тавонистанд фирор кунанд, худ иқрор шуданд.
Аммо имрӯз онҳо аз хурдтарин имконияте, ки даст медиҳад бояд истифода баранд, худро аз ин доми фиреб, аз ин худкушӣ ва одамкушӣ раҳо кунанд, ба назди падару модар, хешу табор, ба Ватани азизу ободашон баргарданд. Бале, ирӯз инсониятро аз хатари терроризм ва ҷавонони раҳгумзаро аз коми фано наҷот бояд дод.
Хушбахтии инсоният, хушбахтии миллатҳои гуногуни олам дар ҳамин ҳамзистии осоишта, ҳамдиливу дӯстиву муҳаббати ҳамдигарист ва роҳи дигар вуҷуд надорад.
Тамоми динҳои олам, ихлосу эътиқоди тамоми одамизод аз роҳҳои гуногун, аз самтҳои гуногун ба ҷониби як Худо меоранд, он Худои яккаву ягона, ки моро халқ кардааст. Худо яктост, сайёраи Замин ҳам яктост, ниҳоят, одамизод ҳам зодаи як Одаму Ҳавво ҳастанд ва ҳамин ягонагӣ кафолати хушбахтиву пирӯзии инсон аст.
Метавон ин сатрҳои Саъдии бузургворро дар пештоқи саёраи Замин барои ҳамешагӣ ҳаккокӣ кард:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
К. Насруллоев
АМИТ ” ХОВАР”
Камол Насрулло
Паём аз Боми ҷаҳон
Аз Бадахшон, аз сари Боми ҷаҳон, аз Тоҷикистон,
Аз баландои муҳаббат, аз замини поки имон
Бо сафои гул, ба лаҳни обшорон
Мефиристонам саломамро
Бар шимолу бар ҷанубу ғарбу шарқ,
Бо ғиреви раъди озодӣ,
Бо сафои рӯшании барқ.
Аз ҳамин хоки муқаддас,
Аз назаргоҳи нахустини Худо,
Аз баландое, ки дар он
монда симурғи муқаддас ошён,
Аз замини ору хоки ориён:
Ассалом, эй даҳр, эй дунё!
Ин саломи ман ба таърих аст,
бар имрӯзу фардо.
Аз Бадахшон, аз сари Боми ҷаҳон, аз Тоҷикистон
Чун тулӯъи меҳр
Мебарояд ин саломи ман мунаввар карда оламро,
дарида пардаи абри ситамро.
Оре, аз ин лонаи шамси мунаввар
Он ҳумои табъи Зардушти кабир
Болафшон дар ҳавои одамият,
Нурафшон аз замир
Бар ҷаҳон пайғоми ишқ оварду буд,
Ин паёми Зардуҳиштӣ,
Ин саломи некроён
Рӯйи оламро мунаввар сохт,
Дар сиришти адл, бунёди накуӣ
Қасри бовар сохт.
Фазлро дар он фурӯзон кард,
Ӯ ки бо пиндору бо гуфтору бо кирдори нек,
Дар фурӯғи партави нури Аҳуро
Аввалин дини Худои яккаро бунёд кард,
Офтоберо фурӯзон дар шабони тор кард.
Баъди ӯ дар мулки адл омад Курӯш, озод кард
Одамиятро зи банди худфиребиву таассуб,
Қадри миллатҳои оламро баробар кард,
Халқҳои рӯи оламро бародар кард.
Аз Бадахшон, аз сари Боми ҷаҳон, аз Тоҷикистон
Бо тулӯъи нурафшон мебарояд
Офтоби меҳрафшони саломи ман
Бо суруди Рӯдакиву бо фари Хайём, бо симои Сино
Бо каломи ноби Фирдавсӣ
Бо лисони он Лисон –ул- ғайб, бо оҳанги Мавлоно.
Бар тамоми чор самти даҳр
Бол мебахшам саломамро.
Чунки андар ин саломи ман ҳама уммеду армони башар ҳаст,
Офтоби ишқ дар он
Чун дирафши ковиёнӣ ҷилвагар ҳаст.
Ман ба нури ин саломи хеш мехоҳам бупайвандам
Халқҳоро, наслҳоро, аслҳоро,
Ин саломи ман чу Симурғи саодат
Бар ҳама озодагон дорад паёме.
Мебарам ман пайки осоиш ба ҳар дар,
Мезанам пайванд бо ин як саломам одамону қитъаҳоро,
Мекунам равшан ба нури ӯ заминрову саморо,
Мефиристам ман ба ин лаҳни шакарҳо,
Бо забони мардуми аҳли биҳишт,
Бо забоне, ки каломашро ба лаҳни ҳақ навишт.
Ин саломе, ки бигирад пеши роҳи тирро,
Пеши роҳи найзаву шамшерро.
Ман ҷаҳонро оқибат хоҳам гирифт
Бо ҳамин эъҷоз, эҷози салом,
Бо муҳаббат, бо адолат.
Як саломи ман ба ҳар ҷое, ки рафт,
Кинаву рашки хусуматро бихоҳад кушт,
Халқи оламро ба ҳам орад ба як арғушт.
Ин саломи ман
мурғаконро аз қафасҳо мекунад озод,
Зиндагиро мекунад бо файзи худ обод.
Эй Худо, эй халқ, медонед,
Худ наҷоти одамон дар ин калом аст,
Он чи моро мекунад хушбахт бо ҳам,
Як салом аст.
Ассалом, эй даҳр, эй дунё!
Ассалом , эй тифли фардо!
Ҳар ки гирад ин саломамро ба дил, рӯшан шавад,
Ҳар ки гирад ин саломамро ба лаб, гулшан шавад,
Ин салом эъҷози ҳастии шумост…
Бо саломи ман ҷаҳон зебост,
Зиндагӣ ширину пурмаъност,
Ҳар саломам мебарад аз меҳр пайк.
Ассалому ассалому ассалом!
Воалайку воалайку воалайк !
2 — 3 ноябри соли 2015