Форуми 5-уми байналмилалии БРО дар Филиппин

Ноябрь 30, 2015 10:23

Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Форуми 5-уми байналмилалии Бонки Рушди Осиё (БРО) дар мавзўи «Маҳорату малака: афзалиятҳои ҷорӣ дар самти таҳсилоти касбию техникӣ ва тайёрии кадрҳо» дар шаҳри Манилаи Филиппин 1 ва 2 декабри соли 2015 баргузор хоҳад шуд. 
Дар кори форуми мазкур аз ҷониби Тоҷикистон сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифӣ Усмоналӣ Ноибпур иштирок мекунад.
Бояд зикр кард, ки дар низоми вазорат 63 литсейи касбию техникӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо зиёда аз 21 ҳазор касбомўз аз рўи 90 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар назар аст, ки Латифӣ Усмоналӣ дар кори форум вобаста ба  ҳамкорӣ бо Бонки Рушди Осиё оид ба масъалаҳои ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникӣ, таъмин кардани раванди таълим бо таҷҳизоту техникаи замонавии таълимӣ, аёнияту китобҳои дарсӣ сухан гӯяд. Дар форум инчунин масъалаҳои такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунанда ва муҳандисию омўзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави меъёрҳои салоҳиятноки таълим мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. 

Ноябрь 30, 2015 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа