Форуми иқтисодии СПЕКА — 2015 дар Душанбе
Душанбе, 09.11.15. (АМИТ «Ховар»). — 10 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) СПЕКА — 2015 «Дастгирии татбиқ ва мониторинги рӯзнома дар соҳаи рушди устувор то соли 2030 дар минтақаи СПЕКА» ва иҷлосияи даҳуми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА ба кораш шурӯъ менамояд.
Тавре ки ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар форум вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, кишвари раиси СПЕКА Сироҷидин Аслов, ҷонишини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ Андрей Василев, роҳбари Дафтари минтақавии ЭСКАП/UNESCAP барои Осиёи Шимолию Марказӣ Тизиана Бонапас ва мушовири калони маркази минтақавӣ воқеъ дар Истамбули Барномаи рушди СММ барои Аврупо ва ИДМ Бен Слай изҳорот медиҳанд. Дар ҷараёни форум роҳбарони ҳайатҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон сухан мекунанд.
Иштирокдорони иҷлосия масоили ба бозорҳои ҷаҳонӣ баромадани кишварҳои Осиёи Марказӣ, коҳиш додани хавфи оқибатҳои табиӣ, энергетика ва муҳити зистро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






