Х.Холиқназар: Назару диди коршиносони ватаниву хориҷӣ барои мо хеле муҳим аст

Ноябрь 12, 2015 05:01

Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Назару диди коршиносони ватаниву хориҷӣ барои мо хеле муҳим аст. Имрӯз  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ  баҳсҳо дар мавриди рушди Тоҷикистон бисёр ба миён омада истодаанд ва барои мо махсусан мулоҳизаҳои мутахассисоне, ки дар соҳаи мақроиқтисодӣ кор мебаранд,  муҳиманд», — гуфт директори Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти ҶТ Худобердӣ Холиқназар дар ифтитоҳи  Симпозиуми байналмилалии илмию экпертӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-2030: дар самти рушди устувори инсонӣ», ки имрӯз, 12 ноябр дар Душанбе ба кори худ оғоз кард. 
 Ҳадафҳои симпозиум аз  баррасии рушди ояндаи дарозмуддати ҶТ, мубоҳисаҳои коршиносона оид ба самтҳои калидии рушд, пешниҳоди шароити муфид барои мубоҳисаи асоснок ва мубодилаи афкор оид ба ҷанбаҳои калидии рушди сармояи инсонӣ, дастгирӣ ва пешбурди ташаббусҳое, ки ба таъмини самаранокии дигаргуниҳои иқтисодӣ дар доираи сармояи инсонӣ равона шудаанд, мусоидат ба рушди механизмҳои ҳамкории мақомоти идоракунандаи давлатӣ, соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини рушди устувори инсонӣ иборат мебошанд. Дар кори Симпозиум коршиносони соҳаи иқтисодии ватанию хориҷӣ,  намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар, мутахассисони Барномаи рушди СММ ва донишҷӯёни бахши иқтисодии донишгоҳҳои пойтахт иштирок доранд. 
«Дар  симпозиуми имрӯза масоили мухталифи бахши иқтисодӣ, асосан вобаста ба рушди устувори Тоҷикистон барои то соли 2030 баҳсу мунозира хоҳанд шуд. Дар  ҷараёни симпозиуми имрӯза мо ба таври возеҳ масъалаҳои иқтисодиро баҳс хоҳем кард»,-  илова намуд Худобердӣ Холиқназар. 
Симпозиум шомили ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳо дар чор бахш буда, дар онҳо коршиносон, намояндагони вазоратҳои соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҷанбаҳои калидии рушди устувори инсонӣ  андешаронӣ хоҳанд кард. Дар ҷаласаҳои симпозиум масъалаҳои сиёсати ҷавонон, нобаробарии иқтисодӣ ва рушди инсонӣ, амнияти инсонӣ, камбизоатӣ ва сиёсати давлатии мубориза бо камбизоатӣ  масъалагузорӣ ва  баррасӣ мешаванд.

Ноябрь 12, 2015 05:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад