Хабари пулиси вилояти Зобул дар бораи марги роҳбари мухолифини толибон мулло Дадулла
Душанбе, 13.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар ба хабари муовини сардори пулиси вилояти Зобул Ғулом Ҷелонӣ Фараҳӣ, собиқ қумондони «Толибон» мулло Мансур Дадулла, ки роҳбарии мулло Ахтар Мансурро эътироф накарда буд, аз ҷониби ҷангиён кушта шуд.
Ёдовар мешавем, ки Мансур Дадулла яке аз роҳбарони асосии мухолифини толибон ба шумор мерафт. Номбурда дар Зобул ба дастаҳои ӯзбекони мухолифини толибони ҷонибдори гурӯҳи ифротталаби «Давлати исломӣ» ҳамроҳ шуда буд.
Ба гуфтаи Фараҳӣ, толибон дар ҷараёни задухӯрди навбатӣ яке аз қумондонҳои итоатгари Дадулларо гаравгон гирифта буданд, ки ӯ маълумотро дар маҳалли будубоши роҳбари худ дастраси онҳо гардонид.
Баъдан манзили Мансур Дадулла дар вулусволии Хоки Афғон тороҷ гардида, худи ӯ кушта шуд. Дере нагузашта толибон гаравгони хабаркашро низ қатл карданд, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Пажвок».
Қаламрави вулусволиҳои Арғандоб, Хоки Афғон ва Дайчопани вилояти Зобул, чун пештара, арсаи задухӯрдҳои «Толибон» ва «Давлати исломӣ» қарор дорад, ки дар ҷараёни онҳо ҳар ду қувваи талошгар талафот медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






