Хабари ВАО дар бораи наҷот ёфтани яке аз аз сарнишинони ҳавопаймои сарозершудаи Су-24

Ноябрь 25, 2015 06:18

Душанбе, 25.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳарбиёни  Сурия  яке  аз сарнишинони ҳавопаймои бомбаандози Су — 24 — ро, ки Қувваҳои  ҳарбии  ҳавоии  Туркия ба  нишон  гирифта буданд, ба ҷойи  дигар  кӯчониданд. Мувофиқи  маълумоти  шабакаи Al Mayfdeen, ҳоло  ӯ дар пойгоҳи  ҳавопаймоии Ҳмеймим, ки  авиатсияи  Русия  дар  он ҷо  мустақар  аст, қарор  дорад. 
Хабар  дода  мешавад, ки сарнишини  дуюми ҳавопаймои  бомбаандози  сарозершудаи Су — 24 — ро ҳарбиёни  Сурия ба  ҷойи  дигар  бурдаанд. Қаблан дар Вазорати  мудофиаи  Русия  хабар доданд, ки мувофиқи  маълумоти  пешакӣ баъди «оташфишонӣ  аз  замин» яке аз  халабонҳо ҳалок шудааст. 
Мувофиқи  маълумоти  шабака, ҷустуҷӯи  сарнишин шаш  соат  давом  кард. Баъди  ин низомиёни Сурия тайи   ду  соат  ӯро  аз  ақибгоҳи  шӯришгарон  бароварда,  бо  роҳи  ҳавоӣ  ба пойгоҳи  Ҳмеймими Латакия  бурданд. Ҳоло  ӯ  дар ҷойи  бехатар  қарор  дорад. 
Шоми   рӯзи  сешанбе  Вазорати  мудофиа хабар  дод, ки яке  аз сарнишинони ҳавопаймои дар  сарҳади Сурияю  Туркия  сарозершудаи Су — 24 ҳалок  гардидааст.  Пеш  аз  ин  намояндагони вазорат мегуфтанд, ки ҳар  ду  сарнишин худро ҳаво  додаанд. Намояндаи  гурӯҳи  туркманҳо  дар  баробари  ин хабар  дод, ки  қувваҳои  шӯришгар сарнишинонро  ҳангоми  бо парашутҳо фуруд омаданашон  парронданд. 

 

Ноябрь 25, 2015 06:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа