Хуҷанд: 17 корманди милитсия бо ифтихорнома сарфароз гардиданд

Ноябрь 10, 2015 03:33

Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иди касбии худ- Рӯзи милитсияи тоҷикро бо танатана ҷашн гирифтанд. 
Дар ҷамъомади идона раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни табрики кормандони милитсия аз садоқату вафодории касбии ҳомиёни ватан сухан карда, гуфт: «Дар шаҳри Хуҷанд барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони қонун фаъолияти пурсамари мақомоти корҳои дохилаи шаҳр аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум фароҳам оварда шудаанд. Барои пойдории Тоҷикистони азизамон, аз ҷумла беҳтарин кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд низ ҷони худро қурбон намуданд, ки хотираи онҳо дар дилҳои мо абадӣ боқӣ мемонад.
Дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза бар зидди  ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок, ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилоти экстремистии динӣ меистанд. Ин нуктаҳо дар суханрониҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои алоҳида таъкиди худро ёфтаанд.
Соли равон кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиёти махсус оид ба дастгирнамоии ҷинояткорон-оилаи Раҳматовҳо дар шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок карда, ҷинояти чандинсолаи вазнинро ошкор ва барои ҷазои сазовор гирифтани ҷинояткорон мусоидат намуданд».
Раиси шаҳри Хуҷанд  17 корманди милитсияро, ки барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум хизмати шоиста намудаанд, бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонид.
Ҳамчунин барои аз дарёи Сир наҷот додани шаҳрванде, ки қасди худкушӣ дошт,  раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба корманди милитсия Фирӯз Раҳматов туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

Ноябрь 10, 2015 03:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд