Хуҷанд: Дар зимистон 100 ҳазор дона гулҳои ороишӣ шинонида мешаванд

Ноябрь 12, 2015 03:55

Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кормандони муассисаи сабзазоркунӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ба шинондани  гулҳои ба сармо тобовар машғуланд.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки кормандони ин муассиса барои сари вақт таъмин намудани гулу буттаҳои орошӣ дар фасли баҳори соли оянда ба чидану захира намудани тухмии гулҳои ороишӣ шурӯъ намуданд.
 Кормандони муассисаи сабзазоркунии шаҳр ба шинондани гулҳои орошии зимистонаи навъҳои «Гулкарам», «Хрезантема» ва «Нагатки»  идома  дода, ният доранд дар давоми моҳи равон шаҳрро бо беш аз 100 ҳазор гулҳои ба сармо тобовар оро диҳанд.
То кунун дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи ба номи Султон Умарӣ, хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил «Гулкарам» шинонида шудааст.
Зимнан, соли равон аз ҷониби раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Соли гулҳо эълон гардидаву дар доираи он дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо барои баланд бардоштани ҳисси зебопарастии аҳолӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

Ноябрь 12, 2015 03:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд