Хуҷанд: иҷрои нақшаи таъмири роҳҳо зиёда аз 107% иҷро гардид

Ноябрь 16, 2015 11:32

Хуҷанд, 16.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Хуҷанд-маркази Суғд дар даҳ моҳи соли равон иҷрои “Барномаи вилоятии «Соли 2015 — идомаи соли роҳҳои обод», ки бо мақсади таъмиру навсозӣ ва беҳтар намудани ҳолати роҳҳои ҳудуди вилоят қабул шудааст, ба андозаи 107,3 фоиз иҷро гардид.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз шуъбаи нақлиёт ва алоқаи мақомоти шаҳрӣ иттилоъ доданд, соли равон дар шаҳри Хуҷанд таъмири  57,1 км роҳҳо ба нақша гирифта шуда, иҷрои он то нимаи аввали моҳи ноябр ба 61,25 км расидааст, ки ин нишондиҳанда барзиёд мебошад. 
Аз ҷумла, то  10 ноябр мутобиқи маълумоти шуъбаи мазкур ба ҷойи 39,1 км дар масоҳати 40,1 км корҳои таъмири кулл ва ба ҷойи 18 км нақшавӣ дар масоҳати 22 км таъмири ҷорӣ ба анҷом расонида шудааст.
Ҳоло дар панҷ кӯчаи шаҳр корҳои мумфаршкунӣ идома дошта, кормандони муассисаи давлатии истифодаи роҳхои Хуҷанд ният доранд то интиҳои ҳафтаи нав таъмири кӯчаҳои мазкурро аз таъмир бароранд. 
Дар умум  то аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ дар миқёси вилояти Суғд  дар доираи Барномаи вилоятии «Соли 2015 — идомаи соли роҳҳои обод» ҳолати 3344 км роҳҳои шаҳру ноҳияҳо  беҳтар гардидааст.

Ноябрь 16, 2015 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!