Худобердӣ Холиқназар:- «Сафари давлатии Президенти кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафари муҳим ва таърихӣ аст».
Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз 11 то 13-уми ноябри соли равон сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сурат гирифт. Атрофи сафари давлатии Сарвари давлат ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва масъалҳое, ки зимни мулоқоту музокироти дуҷониба баррасӣ гардиданд бо якчанд суоле ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар муроҷиат намудем.
Ховар:- Робитаҳои Тоҷикистон ва Покистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Худобердӣ Холиқназар:- «Бояд гуфт, ки робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар солҳои охир таҳким ва густариши хубе пайдо намуданд ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки дар солҳои охир боз ҳам масъалаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар тақвият пайдо карданд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки масъалаи аъзо шудани Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Созмони Ҳамкории Шанхай ва боз ҳам наздик шудани ин кишвари ҳамсояи мо ба созмонҳои бузурги минтақавӣ нишондиҳандаи он аст, ки ҳамкории мутақобилан судманди байни ду кишвар боз ҳам тақвияти хубтару беҳтар пайдо мекунад. Пеш аз ҳама масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният дар Афғонистони ҳамсояи ҳар ду кишвар ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тарафайн нишон доданд, ки онҳо барои таъмини амният ва сулҳу салоҳи Афғонистон ҳамаҷониба кӯшиш мекунанд, ки ба ин кишвари ҷангзада кумак намоянд, то дар он ҷо сулҳу оромӣ барқарор гардад.
Масъалаи хеле муҳим иборат аз он аст, ки дар соҳаи иқтисодӣ ҳамкории дуҷониба рушду равнақ ёфта истодаанд. Тавре ки сафари давлатии Сарвари давлат нишон дод, ҳудуди 8 санади муҳим равобити дуҷониба ба имзо расид, ки барои ҳамкории оянда заминаи мустаҳкаме хоҳад буд. Мавқеи Ҷумҳурии Исломии Покистон доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика бо Тоҷикистон хуб буд ва онҳо бисёр ҳавасманд ҳастанд, ки ҳарчи зудтар тарҳи бузурги CASA-1000 роҳандозӣ шавад, то ин ки онҳо тавонанд мустақиман аз Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи барқ харидорӣ намоянд. Мо медонем, ки Покистон як кишвари бузурги саноатӣ аст ва ҳамеша камбудии барқ дорад. Тақрибан ҳудуди 40 дар садди эҳтиёҷоташро ба барқ қонеъ таъмин карда наметавонад. Ҳарчи бештар дар минтақа тарҳҳои иқтисодӣ роҳандозӣ шаванд, ҳамон қадар тезтар вазъи амниятӣ дуруст мешавад. Чунки кишварҳо дар масъалаи иқтисодӣ ҳамкории мутақобилан судмандро анҷом медиҳанд он гоҳ худи Афғонистон ва гурӯҳҳои ифротӣ ҳам медонанд, ки агар масъалаи муносиботи дуҷониба аз нуқтаи назари иқтисодӣ фоидабахш барои ҳамаи кишварҳо бошад, онҳо ҳам дарк менамоянд, ки маҳбубият дар байни мардум нахоҳад дошт ва мардум гурӯҳҳои ифротиро тарафдорӣ нахоҳанд кард».
Ховар:-Дар баробари дигар мавзӯъҳое, ки зимни мулоқоту музокирот ба миён гузошта шуд, масъалаи амният ва тероризму ифротгароӣ низ буд. Шумо ҳамкории Тоҷикистону Покистонро дар ин самт чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Худобердӣ Холиқназар:- «Ду кишвар дар ин самт воқеан дар ҳолати хеле изтиробовар қарор доштанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон низ бо гурӯҳҳои ифротӣ , ки аз Афғонистон доимо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд, рӯ ба рӯ аст, ҳамчунин дар Покистон низ ин масъалаи гурӯҳҳои радикалӣ ва ифротӣ хеле муҳим аст ва онҳо ҳам кӯшиш мекунанд, ки бо ин гурӯхҳои гуногун муборизаи беамон баранд. Мо медонем, ки дар минтақаҳои Шимоли Покистон артиши Покистон бо гурӯҳҳои толибон даргир аст ва кӯшиш мекунанд, ки ба дигар минтақаҳои Покистон таъсиргузор набошанд ва амалҳои террористиро анҷом надиҳанд, лекин мо медонем, ки амнияти худи Покистон ҳамеша дар хатар аст. Чунки маълум аст, ки ин гурӯҳҳои ифротӣ доимо даст ба амалҳои террористӣ мезананд. Покистон низ ба масъалаи амниятӣ хеле аҳамияти калон медиҳад ва бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ муборизаи беамон мебарад, ва доимо дар ҳолати омодабош аст. Дар ин соҳа низ ду ҷониб метавонанд ҳамкории мутақобилан судманд анҷом диҳанд. Ҳамчунин муборизаҳои беамонро шурӯъ кардан, нагузоштани он гуна террористоне, ки масалан аз ду кишвар метавонанд дар кишвари дигар ҷо шаванд, барои ҳамин ҳам як созишномаи хеле муҳим дар бораи истирдод ба имзо расид. Яъне агар террористоне, ки тоҷиктабор бошанд ва ба Покистон фирор кунанд ҳамеша бо хоҳиши Тоҷикистон онҳоро метавонанд аз кишвар берун кунад, истирдод кунад ва ба Тоҷикистон интиқол диҳад. Ин яке аз созишномаҳои муҳим дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм буд».
Ховар:- Ба андешаи Шумо чаро дар ҳама мулоқоту музокирот масъалаи амният дар мадди аввал гузошта шуд?
Худобердӣ Холиқназар:- Барои он, ки шумо шоҳиди он ҳастед, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон мутаассифона амнияти ҷаҳонӣ ва бесуботӣ дар дар ҳолати авҷ гирифтан аст. Чуноне ки ҳамагон шоҳиди он аст, дар маркази Фаронса мудҳиштарин амалҳои террористӣ сурат гирифт, ки тақрибан тамоми кишварҳои Аврупоиро такон дод. Бештар аз 155 нафар шаҳид шуданд, наздики 200 нафар захмӣ шуданд ва ҳамчунин гаравгонгирӣ сурат гирифт, ки амали бисёр ваҳшиёнаи террористӣ аст. Албатта мусулмонҳое, ки ин корро анҷом дода бошанд, дубора ин боиси бадном шудани ислом ва мусалмонон мешавад. Фикр мекунам, ки муборизаи шадиди кишварҳои Аврупоӣ бар зидди ҳам гурӯҳҳои террористӣ ва ҳам мусалмонҳо метавонад боз он ҷо ранги дигар гирад. Ин албатта, ба таҳкими амнияти Аврупо ва Осиё ҳамчунин Шарқи Наздик хуб нест. Ҳаводисе, ки дар Шарқи Наздик шуда истодааст, яъне дар Сурияву Ироқу дигар кишварҳо билохира таъсираш ба ҷаҳон расид ва мо эҳсос кардем, ки агар дар як минтақаи замин боиси мушкилот, боиси даргириҳои шадид, боиси ноамнӣ бошад таъсираш ба тамоми кишварҳои ҷаҳон мерасад. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ҳар музокироту мулоқоти Сарвари давлат дар мадди аввал гузошта мешавад ин масъалаи таъмини амнияти кишварҳост. Барои ҳамин ҳама даст ба даст дода барои таъмин амният бояд кӯшиш кунем».
Ховар:- Нақши ин ду кишварро дар минтақа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Худобердӣ Холиқназар:- «Нақши ду кишвар, ҳамкории ду кишвар метавонад ҳам барои таҳким ва вусъатбахшии СҲШ, ки ҳар ду кишвар акнун узви ин созмон ҳастанд ва ҳамчунин барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд барои таъмини амният дар Афғонистони ҷангзада, ҳамчунин барои таъмини ҳамкории иқтисодии ду кишвар, ҳам масалан сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба Тоҷикистон ҷалб кардан басо муҳим аст. Барои ҳамин ҳамкорӣ, дар минтақа ҳарчи бештар гардад, ҳамон қадар ба нафъи ду кишвар ва ҳам ба нафъи минтақа аст».
Ховар:- Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон, чӣ таъсири дигаре дар рушди минбаъдаи ҳамкорӣ хоҳад гузошт?
Худобердӣ Холиқназар:— «Албатта сафари давлатии Президенти кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон бисёр сафари муҳим ва таърихи аст. Фикр мекунам, ки ин сафар нишондиҳандаи ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар аст ва собит намуд, ки Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои минтақа мехоҳад робитаҳои одилона дошта бошад ва кӯшиш дорад, ки бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳамкории баробар ва судманд дошта бошад».
Мусоҳибаи Моҳинави Наврӯз