И. Григуле: «ИА дар нигоҳ доштани амният ва мубориза бо терроризм Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад»
Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Иттиҳоди Аврупо дар нигоҳ доштани амният ва мубориза бо терроризм Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад ва дар ин самт лоиҳаҳо низ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар самти ҳифзи сарҳад, назорати қочоқи маводи мухаддир, ки амалисозии ин лоиҳаҳо на танҳо ба манфиати кишвари шумост, балки ба манфиати минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупост. Чун мо ҳама дар як киштӣ нишастаем ва халал ворид кардан дар ҳаракати он мумкин нест, чун ҳамагӣ зарар хоҳем дид»,- афзуд роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо Ивета Григуле баъди мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди хабарнигорон.
Ивета Григуле иброз намуд, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Парлумони Иттиҳоди Аврупоро мавриди муҳокима қарор додаанд. Масъалаи муҳим ва аввалине, ки дар мулоқоти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ин масъалаи амният мебошад.
«Масъалаи дуюме, ки мо дар ин мулоқот авлавият дода, онро мавриди баррасӣ қарор додем, ин масъалаи иқтисод буд. Ҳамкории ояндаи Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон- ин рушд додани иқтисоди кишвари шумост, то сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон боз ҳам беҳтар шавад. Дар ин самт, албатта, якҷоя бояд талош кард, чун дар танҳоӣ наметавон чунин масъалаҳои муҳими ҷаҳониро ҳал кард ва ё пушти сар намуд. Албатта, дар ин мавзӯъ мо масъалаи энергетика ва захираҳои обро низ баррасӣ кардем. Дар ин самт ба мо Ҷаноби Президент дар хусуси ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи Роғун, ҷалби сармоя ба корҳои сохтмонӣ, назорат аз болои сохтмони ин неругоҳ, ки боиси бӯҳронҳои экологӣ нашавад, маълумот доданд»,-илова намуд роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо.
Дар охир И. Григуле аз номи худ ва ҳайати ҳамроҳонаш мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик намуда, ба халқи тоҷик саломативу комёбиҳо таманно кард.
Ёдовар мешавем, ки аъзои ҳайати Парлумони Аврупо дирӯз ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






