Ифтитоҳи корти теннис дар Кӯлоб
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба 24-умин солгарди Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб бо иштироки раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва шаҳрдори Кўлоб Хайрулло Амонулло «Корти теннис» ба истифода дода шуд, ки дар он дастпарварони мактабҳои варзишии шаҳри Кўлоб ва беш аз 670 ҷавони шаҳр ҳузур дошта, аз бунёди чунин майдончаҳои варзишӣ изҳори хушнудӣ карданд.
Майдони мазкур бо харҷи 495 ҳазор сомонӣ бо 600 ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба истифода дода шуд. Тазаккур бояд дод, ки дар дохили майдони теннис таҷҳизоти варзишӣ насб шудаанд, ки ин боиси обутоб ёфтани варзишгарони шаҳр мегардад.
Чунин майдони теннис то ин муддат дар шаҳри Кўлоб вуҷуд надошт ва дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун маркази замонавии тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди истифода қарор гирифт.
Баъди бунёди майдони теннис варзишгарони шарҳу минтақаи Кўлоб имкони сайқал додани маҳорати худро пайдо менамоянд.
Дар оянда бо истифода аз имконоти мусоид чорабиниҳои сатҳи баланд низ ташкил гардида, иштироки варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар хоҳад гашт.
Барои кулли варзишгарон ва ҷавонону наврасони шаҳри Кўлоб бо ибтикори Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 2 майдончаи футболи хурд ва 1 майдончаи волейбол бо таҷҳизоти варзишӣ дар шаҳр идома дорад, ки дар моҳҳои наздик ба истифода дода мешаванд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






