Имзои Созишнома миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ
Душанбе, 20.11.2015 (АМИТ «Ховар»). Дирўз дар шаҳри Душанбе байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар асоси Созишнома дар заминаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта таъсис ёфта, ба ин васила робитаи ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта бо мақомоти давлатӣ мустаҳкам мегардад. Ҳамзамон тибқи созишномаи ҳамкорӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро таъсис дода, ҳамгироии фаъолияти онро бо созмонҳои «Ахтарон» ва «Ворисони Сомонӣ» дар мувофиқа бо вазорат таъмин намуда, фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва таъсирбахш дастгирӣ менамоянд.
Илова бар ин, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз ҷониби кумита ҳамоҳанг шуда, нақшаҳои кории онҳо аз ҷониби ин мақомот тасдиқ ва бо баргузории ҷаласаҳои ҳармоҳа фаъолият дар ин самт натиҷагирӣ мешавад.
Ба имзо расидани созишномаи мазкур шаҳодати иқдомоти ҷиддии Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар самти пешбурди фаъолияти якҷоя дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






