Инъикоси сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон дар расонаҳои хориҷиву дохилии Покистон

Ноябрь 13, 2015 06:37

Душанбе,13.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Сафари давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон дар расонаҳои хориҷиву дохилии ин кишвар ба шакли васеъ инъикос ёфта, дар онҳо масъалаҳои барои ин кишвар ва  дар умум барои  минтақа муҳим дарҷ гардидаанд. Сомонаи расмии  http://app.com.pk  навиштааст, ки ҳангоми мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Навоз Шариф масъалаҳои марбут ба энергетика, амният, коммуникатсия ва дигар масоили муҳим  мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд. Сомонаи мазкур  ҳамчунин дар мавриди суханронии Навоз Шариф ишора карда, аз забони Сарвазири Покистон илова менамояд: «Кишвари Покистон  ба густариши робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Миёна  ва бахусус, бо Тоҷикистон аҳаммияти беандоза медиҳад». 
Навоз Шариф изҳор намуд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ расонидани  ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ин ду кишвар  ба 500 миллион доллари амрикоӣ амри зарурист.  
 Ҳамчунин Навоз Шариф  барпо кардани робитаҳои ҳавоӣ бо Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуда, ҳамзамон рағбати Покистонро барои амалӣ сохтани лоиҳаи КАСА-1000 аз самтҳои асосии ҳамкорӣ байни ин ду кишвар қаламдод карда, изҳори умедворӣ кард, ки то ибтидои соли 2018 ин лоиҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ҳамчунин ҷонибҳо  терроризм ва ифротгароиро  таҳдиди муштараки худ номида, барои мубориза бо ин падидаи номатлуб ибрози омодагӣ намуданд.
Дар баробари сомонаҳои расмӣ ва ғайрирасмии Покистон кишварҳои ҷаҳонӣ низ натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  ба Покистон  васеъ инъикос намуда, ин сафарро сафҳаи нав дар робитаҳои байни Тоҷикистон ва Покистон унвон  кардаанд.
Аксари сомонаҳо ба натиҷаи ин мулоқот ва музокироте, ки зимни конфронси матбуотии сарони ду кишвар баргузор шуданд,  дахл намуда, асосан ба натиҷаҳои ба дастомада миёни ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, амният, мудофиа ва тиҷоратӣ хулосабандӣ кардаанд.
Хабарҳо дар атрофи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Покистон дар аксари кишварҳои Осиё ва ва бахусус, кишварҳои арабӣ инъикос ёфтаанд.
Яке аз ин расонаҳо  сомонаи расмии хабарии Амороти Муттаҳидаи Араб мебошад, ки  таҳти унвони «Тоҷикистон ва Покистон барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, мудофиа ва энергетика ба мувофиқа расиданд» хабар мунташир карда, натиҷаи сафари Президенти Тоҷикистон ба Покистонро васеъ инъикос кардааст. https://www.wam.ae/ar/news/international/1395287924333.html

Ноябрь 13, 2015 06:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад