Исфара: Парчами давлатӣ баёнгари соҳибистиқлолии мамлакат аст

Ноябрь 25, 2015 12:44

Исфара, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Исфара бо роҳпаймоӣ шурӯъ гардид.
Аз субҳи барвақт сокинони сершумори шаҳр бо парчами давлатӣ ва шиору навиштаҷоти васфкунандаи соҳибихтиёрии милливу давлатӣ ва ифтихор аз ватандорию нишоту шодмонӣ ба сӯи маркази чорабиниҳо равона мешуданд. 
Тантанаи идона дар майдони Имоили Сомонӣ бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, омӯзгорон ва муҳассилини муассисаҳои маориф ва собиқадорон  сурат гирифт. 
Иштирокдорон баён доштанд, ки: «24-уми ноябр барои тоҷикону тоҷикистониён на танҳо рӯзи арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, балки ҳамчунин санаи гиромидошти арзишҳои деринаи таърихию фарҳангӣ ва маънавии миллӣ, гузашта аз ин, рӯзи эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ маҳсуб мешавад». 

Ноябрь 25, 2015 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид