Иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 38-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО

Ноябрь 4, 2015 13:00

Душанбе, 04.11.2015. (АМИТ “Ховар”). — 3 ноябри соли 2015 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, инчунин бо иштироки вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Намояндаи доимии кишвар дар назди ЮНЕСКО, сафир Рустамҷон Солиев ва котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Бахтӣ дар ифтитоҳи ҷаласаи 38-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби Тоҷикистон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сухан гуфт. Дар баромади худ Ш.Орумбекзода пеш аз ҳама пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” таъкид карда, аз иштирокчиёни конфронс дархост намуд, ки ташаббуси Роҳбари давлати Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд. 
Дар баробари ин, вазири фарҳанг оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд. Дар баромад инчунин масъалаи ҳифзи ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддии фарҳангии кишвар зикр шуд.
Ҳамзамон таъкидҳои Президенти кишвар вобаста ба авзои ҷаҳон дар масири мубориза бар зидди терроризм, экстремизми динӣ ва нобуд сохтани ёдгориҳои таърихӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳозирин расонида шуд ва даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар ҳамбастагӣ бояд иқдом гирифт. 
Ҳайати Тоҷикистон инчунин бо масъулини Департаменти фарҳанги ЮНЕСКО вохӯрӣ намуда, масъалаи дастгирии пешниҳодҳои Тоҷикистонро доир ба ворид намудани мероси моддӣ ва ғайримоддии кишвар ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ баррасӣ кард. Ҳамчунин ҳайати расмии кишвар бо раиси тозаинтихоби ҷаласаи    38-уми Конфронси генералӣ Стенли Мутумба Симатаа вохӯрда, ӯро бо 70-солагии таъсиси ЮНЕСКО табрик намуд. 
Дар чаҳорчӯби иштирок дар ҷаласаи конфронс ҳайати Тоҷикистон як зумра мулоқотҳоро бо намояндагони кишварҳои узви ЮНЕСКО доир намуд. 

 

Ноябрь 4, 2015 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад