Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 21 – уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим
Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия Конфронси 21 – уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим оғоз ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сатҳи баланд — Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии иштирокчии конфронсро Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Олланд истиқбол гирифт.
Дар кори конфронс сарони беш аз яксаду панҷоҳ давлати олам иштирок доранд.
Конфронси 21 — уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйири иқлим аз 30 ноябр то 11 декабр дар шаҳри Париж баргузор мешавад.
Ба рӯзномаи кори конфронс баррасии масъалаҳои болоравии меъёри ҳарорат, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, расондани кӯмак ба кишварҳои ру ба рушд ва дигар мушкилоти иқлим ворид карда шудааст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






