Иштироки Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати бузургдошти Мирсаид Алии Ҳамадонӣ
Душанбе, 12.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 11 ноябри соли 2015 дар устони Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати бузургдошти донишманд ва мутафаккири Шарқ Мирсаид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки донишмандону муҳаққиқон ва ҳамадоншиносони маъруф аз Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Эрон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон Неъматулло Эмомзода занги Мирсаид Алии Ҳамадониро дар Ҳунаристони «Таҳзиб»-и Ҳамадон ба садо даровард ва ҳамоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт.
Н. Эмомзода зимни ҳамоиш роҷеъ ба мероси пурғановати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҳқиқи замони шоир, нақши ин мутафаккир дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ маъруза намуд.
Бо назардошти сатҳи хуби ҳамкорӣ Сафири Тоҷикистон бо устондори Ҳамадон Муҳаммадносири Некбахт дар робита ба баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҳамкорӣ байни бародаршаҳрҳои Кӯлоб ва Ҳамадон мулоқот доир намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






