Иштироки вакилони Тоҷикистон дар иҷлосияи тирамоҳии АБП ИДМ
Душанбе, 26.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Санкт — Петербург ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои инсон, иқтисодиёт ва молия, масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, сиёсати бахши кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва экология, илму маориф баргузор мегардад.
Ғайр аз ин, чун анъана, ҷаласаи Шӯрои Ассаблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мешавад, ки дар он раисони парлумонҳо иштирок намуда, беш аз 20 масъаларо мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Масъала дар бораи баррасӣ ва тасдиқи нақшаи нави дурнамои қонунгузории моделӣ аз ҷумлаи онҳост.
27 ноябр ҷаласаи 43 умумии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мегардад. Қисми зиёди масъалаҳо марбут ба қонунгузории моделӣ дар бахши муҳоҷират мебошанд.
Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳо раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, Шариф Раҳимзода, Рустам Латифзода, Лутфия Раҷабова, Ҳилолбӣ Қурбонзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Анвар Тағоймуродов, Рустам Қудратов, Мирзодавлат Сабурзода, Ҷамшед Саидов намояндагӣ мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






