Иттифоқи касабаи «Ширкати алюминийи тоҷик» дар пешрафти истеҳсолот саҳми назаррас дорад
Душанбе, 04.11.15. (АМИТ «Ховар»). -Аз таъсиси ташкилоти Иттифоқи касабаи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» 50 сол сипарӣ мегардад. Кулли коргарону кормандони ин корхонаи бузурги саноатӣ барои сазовор истиқбол намудани ин ташкилоти бонуфуз саъю кӯшиши беандоза доранд. Ташкилоти иттифоқи касаба дар мустаҳкам кардани интизоми коргарӣ, ҳавасмандгардонии онҳо аз ҷиҳати моддиву маънавӣ, ҳимояи ҳуқуқи коргарон ва пешравии истеҳсолот саҳми назаррас дорад.
Бахшида ба ин санаи хотирмон як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ, оммавӣ ва варзишӣ доир мегарданд. Дар назар аст, ки рӯзҳои ҷашн пленуми навбатии Кумитаи марказии «Тоҷикметалл», ҷаласаи Кумитаи иҷроияи «Мот-Саюзметалл» ва ҷаласаи навбатии «Туркметалл» низ баргузор гарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






