Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Ҷониби Тоҷикистон ҳодисаи ногувори марбут ба сарозер кардани ҳавопаймои ҳарбии Русияро дар санаи 24 ноябри соли 2015, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ иштирок мекард, бо андӯҳ қабул намуда, ба хешовандону наздикони хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда изҳори тасаллият менамояд.
Мо дар шароити муосир мавҷудияти ҳамраъйӣ, ваҳдат ва дастгирии мутақобиларо дар мубориза бо терроризм дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷавоби маҷмӯӣ ба душмани муштараки мо-терроризми ҷаҳониро муҳим мешуморем.
Дар ин росто, маъракаи зидитеррористии гузаронидаи Русия ҷойгоҳи муҳимро касб мекунад.
Ҳамчун ҷонибдори муътақид ба амалиёти якҷояи ҷомеаи байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм, Тоҷикистон умедвор аст, ки ҳодисаи рухдодаи сарозер шудани ҳавопаймои Федератсияи Русия холисона арзёбӣ шуда, ба муташанниҷ нашудани вазъ ва ба эътидол омадани муносибати тезутундшудаи Русия ва Туркия мусоидат мекунад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






