Кафолати Конститутсия: Ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд халалнопазиранд

Ноябрь 5, 2015 12:51

Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Пас аз таназзул ёфтани давлати абарқудрати Иттиҳоди  Шўравӣ дар баробари дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сўи инкишофи мустақилона роҳ гирифт. 

Аз ин ҷост, ки   9 сентябри соли 1991  Қарори Шўрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, ин сана ҳамчун рўзи истиқлолияти Ҷумҳурии    Тоҷикистон дар таърихи навини он, оғози  дигаргунсозиҳои нав дар  самти бунёди давлати мустақилу миллӣ ва демократӣ эътироф шудааст. Маҳз бо ибтидо аз ин сана гузаронидани ислоҳоти  конститутсионӣ ва қабули Конститутсияи давлати комилан мустақил ва барпо намудани ҷомеаи озоду пешрафта ба миён омад. 

Иҷлосияи 16-уми таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бо сарварии  Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Ҳокимияти давлатӣ дар симои Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардида, ба барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ кардани  ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои  қонунии инсон дар ҷомеа  шароит фароҳам гашт. Сарвари  давлати  навтаъсиси тоҷикон савганди садоқат ба миллату давлат ёд карда, қотеона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ башорат дод, ки тамоми гурезагони иҷбориро ба Ватан баргардонида, дар якҷоягӣ Ватани аҷдодиамонро обод, давлату ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ барпо намуда, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлату ҷомеаро зери ҳимояи қонун қарор медиҳанд.

Барои ба таври воқеӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ҷомеаи навини тоҷикон қонуну санадҳое лозим буданд, ки дархӯри чунин манфиатҳо бошанд. Барои эҷоди ин гуна санаду қонунҳо  заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки он ҳам бошад, қабл аз ҳама, Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва дунявӣ буда метавонист. 

Аз ин лиҳоз, баҳри татбиқи мақсадҳои мазкур ҳайати комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии  Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд.

Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияро таҳия  намуда, онро  барои боз ҳам пурраву  демократӣ гардонидан ба муҳокимаи  умумихалқӣ  пешниҳод намуд. Лоиҳаи Конститутсия  дар матбуоти даврӣ ба чоп расида, аз ҷониби аҳли  ҷомеа бевосита мавриди омўзиш ва муҳокима фаро гирифта шуд.

20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Бо назардошти тағйироту илова, фикру ақида  ва дархосту  пешниҳодҳо 6 ноябри соли 1994  тавассути овоздиҳии умумихалқӣ (референдум) Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ин санади тақдирсоз имкон фароҳам овард, ки дар ҷомеа ягонагии сиёсй пойдор гардида, вазифаҳои давлат баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян шаванд.

Дар ин самт Сарвари мамлакат  зикр кард, ки: «Рўзи шашуми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқўъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаҳои муҳими сиёсй яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад.»

Асоси пайдоиши ин Конститутсияро андешаи таҷзияи ҳокимият ва таъмини ҳуқуқи инсон ташкил дода, аз нигоҳи соҳибназарони ҳам давраҳои гузаштаву ҳам имрўза маҳз Конститутсия ба қонунӣ будани ҷомеаи сиёсӣ (давлат) асос медиҳад. Аз ин рў, Конститутсия танзимкунандаю муайянкунандаи равобити мутақобилаи миёни мақомоти мухталифи давлат аз як сў ва таҳкимбахшу кафолатдиҳандаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз сўи дигар мебошад.

Дар Тоҷикистон Конститутсия бо ҳамин маънии классикии  худ танҳо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти комили давлатии кишвар рў ба ҳастӣ ниҳод. Роҳи таҳияю қабули Сарқонуни Тоҷикистон саҳлу осон набуд ва дар тўли як ё якуним сол таҳияи ду лоиҳаи Қонуни асосӣ шоҳиди ин гуфтаҳоянд.

Халқу давлати Тоҷикистон  Конститутсияи худро таҳия, қабул ва ҷорӣ намуда,  хусусиятҳои хоси  давлати миллии соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона, ки   иродаи халқ ифодагари ҳокимияти  давлатӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои  инсон, ҳимояи онҳо  арзиши олӣ  эътироф шудааст,  дар он   таҷассуми худро ёфтаанд.

Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро то хурдтарин ҷузъиёташ ифода менамояд.   Воридшавӣ ба  мазмун ва моҳияти Сарқонун тавассути дебочаи он хеле осон аст.

Чуноне ки дар он зикр гардидааст: Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду  камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон  менамоем»,  ки бо ин    роҳ ба дарки мазмуну мундариҷа ва моҳияти Конститутсия кушода мешавад.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он ҳамчун Қонуни асосии кишвар, пеш аз ҳама, яке аз  нишонаҳои муҳими соҳибихтиёрӣ буда,  ба ҳайси манбаъ ё худ сарчашмаи ҳуқуқи давлатӣ хидмат мекунад. Натиҷаҳои рушди ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ, сохтори ҷамъиятӣ ва давлатии он, муносибатҳои ҳамкорӣ ва ваколатҳои мақомоти олии ҳокимият, асосҳои ташкил ва тарзу усули идоракунии давлатӣ, фаъолияти ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ, принсипҳои асосии ҳуқуқҳои интихоботӣ ва ҳолатҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандонро дар худ ифода кардаанд.

Ҳамин меъёрҳо дар навбати худ асос шудаанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз  менамояд»(м. 5).

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи забон ва рамзҳои давлатӣ ҳалли худро пурра ёфтаанд.

Рамзҳои давлатии Тоҷикистон нишонаҳои хос ва муқаддаси давлату миллати тоҷик мебошанд.

Ҳамчунон Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимиятро аз рўи принсипи таҷзияи он муайян кардааст, яъне «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба  ҳокимияти  қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад» (м.9). Ҳамин тавр Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кадоме аз ин шохаҳои ҳокимияти давлатӣ имкониятҳои амалу фаъолияти мустақилонаро  фароҳам овардааст. 

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бо воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.  Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот  ё интихоби мақомоте, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.

Мақомоти коллегиалие, ки халқ онҳоро интихоб мекунад-мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ, аз қабили Маҷлиси Олӣ, мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия –Маҷлиси вакилони халқ ба шумор мераванд.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли  идоракунии президентиро муқаррар намудааст, ки  тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст (м.64).

Президенти мамлакатро низ шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд, ки ў ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Бо истифода аз имконияти мусоид, ҳамаи ҳамватанони азизро бо фарорасии ҷашни 21-умин солгарди Конститутсия – бахтномаи миллату давлат табрик гуфта, таманнои онро дорам, ки ҳуқуқу озодӣ  ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд халалнопазир бошанд.   

Судяи суди шаҳри Душанбе  Абдулмонеъ Абдулғанизода

Ноябрь 5, 2015 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад