Кишоварзони Ҳамадонӣ аз усулҳои муосир истифода менамоянд
Ҳамадонӣ, 11.11.2015 (АМИТ «Ховар»)-Бо мақсади ба даст овардани фоидаи бештар ва истифодаи самараноки замин кишоварзони мамлакат аз усулҳои муосир истифода менамоянд. Гарчанде охири фасли тирамоҳ аст, вале дар ноҳияи Ҳамадонӣ то ҳол кишоварзон ҳосили парваридаашонро ҷамъоварӣ доранд. Имсол деҳқонони ноҳияи Ҳамадониро ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва замин» дастгирӣ кард.
Муваффақияти деҳқонон аз истифодаи хеле ками заҳрхимикатҳо ва истифодаи васеи нуриҳои органикӣ мебошад. Риояи қоидаҳои агротехникӣ ва интихоби тухмии хушсифат боиси фаровонҳосилӣ гардидааст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ бо корхонаи шарбатбарории ноҳия шартнома баста, як қисми маҳсулоташонро ба корхона супориданд ва истеҳсоли қуттиҳои шартӣ дар корхона афзоиш ёфт. Фаъол гардидани корхонаи шарбатбарорӣ ба муҳайё гардидани ҷойҳои корӣ мусоидат намуд. Имсол боз якчанд зану духтарони маҳаллӣ дар корхона соҳиби кор гардиданд ва бо кормандони собиқадор маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро дар анбор ҷо ба ҷо мекунанд. Дар мавсими ҳосилғундорӣ корхонаи шарбатбарорӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ гардида, маҳсулоти кишоварзонро, ки бо онҳо шартнома баста буд, пурра харида натавонист. Кишоварзон ва роҳбарияти корхонаи шарбатбарории ноҳияи Ҳамадонӣ соли оянда низ бо ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва Замин» ҳамкорӣ карданианд, зеро муваффақияти имсола онҳоро руҳбаланд намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






