Конфронси илмӣ-амалии «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом» дар Душанбе оғоз шуд

Ноябрь 19, 2015 05:10

Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ  дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом»  дар  маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд ва ин лаҳзаҳо идома дорад. 
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни сухани ифтитоҳӣ гуфт: «Яке аз зуҳуроти нангину хатарноки ҷаҳони имрӯза гаравиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои бегонаву хатарнок, шомил шудан ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва тақлид ба расму ойин ва тарзи либоспӯшии бегона мебошад, ки наврасону ҷавононро аз асолати миллӣ дур месозанд. Ҷавонони мо  бо он ғурур ва эҳтироми бузурге, ки ба арзишҳои миллӣ доранд, бояд  намуна бошанд ва бар зидди таъсири манфии падидаҳои бегона ва умуман бегонапарастиву тақлидкорӣ мубориза баранд».
Ҳамоишро Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ  ташкил намудааст.   Дар конфронс маърӯзаҳо дар мавзуъҳои «Ҷойгоҳи дин дар давлати дунявӣ», «Хатари ба ном «Давлати исломӣ» барои идеологияи миллӣ», «Ҷанбаҳои таърихии илоҳиёти сиёсии салафият ва мушкилоти идеологии равандҳои миллатсозӣ дар олами муосири ислом», «Низоъҳои динию мазҳабӣ: сабаб, вазъ ва роҳҳои ҳалли он», «Арзишҳои миллӣ ва динӣ дар адабиёт» аз ҷониби олимону сиёсатшиносон шунида хоҳанд шуд. 
Баъди нисфирӯзӣ кори конфронси илмӣ дар ду бахш- бахши   якум «Ҷанбаҳои назариявӣ ва ҳуқуқӣ-сиёсии муносибати миллат ва дин» ва бахши дуюм, ки «Таносуби унсурҳои миллӣ ва динӣ дар ҳаёти ҷомеа» номгузорӣ шудааст, идома меёбад.

Ноябрь 19, 2015 05:10

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид