Конибодом: бунёди 4 синфхонаи нав дар мактаби №6

Ноябрь 12, 2015 04:13

Душанбе, 12.11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Конибодом 4 синфхонаи нав ба истифода дода шуд.
Синфхонаҳои нав бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дастгирии падару модарон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, бо 60 миз ва 120 курсии нишаст аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъмин  шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вилояти Суғд сохтмони синфхонаҳо ба тариқи ҳашар аз соли 2008 оғоз гардида, соли равон ба итмом расид.

Ноябрь 12, 2015 04:13

Хабарҳои дигари ин бахш