Конибодом: Маҳфили идона бахшида ба Рӯзи Сарқонун дар мактаб-парастишгоҳи шаҳр
Хуҷанд, 07.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба 21-солагии Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар мактаб-парастишгоҳи шифоии №40-и шаҳр барои тарбиятгирандагони мактаб дастурхони идона ороста шуд.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” аз мақомоти шаҳр иттилоъ доданд, дар чорабинии идона намояндагони мақомоти шаҳрӣ, инчунин ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳия, раёсати маорифи шаҳр ва сарпарасти мактаби мазкур- масъулин аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Дар мактаб-парастишгоҳи мазкур зиёда аз 90 кӯдаку наврас ба таълиму тарбия ва табобат фаро гирифта шуда, ба онҳо дар арафаи Рӯзи Сарқонуни мамлакат аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳр ва сарпараст — “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ба маблағи 3000 сомонӣ маводи хӯрокӣ тақдим шуд.
Тарбиятгирандагони мактаби мазкур барои чунин ғамхориву таваҷҷуҳи доимӣ ба масъулин арзи сипос намуда, бо барномаи худ маҳфили идонаро рангин намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






