Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ- рамзҳои асосии давлатанд

Ноябрь 13, 2015 09:03

Душанбе, 13. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии ҶТ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ чорабинии идона бо иштироки устодону донишҷӯён доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов гуфт, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд.
Дар таърихи нави инсоният ин се падидаи ҷамъияти инсонӣ нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.
Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҳамроҳ Атаева баргузории чорабинии мазкурро нишонаи баланди ватандорӣ ва эҳсоси худшиносии ҷомеаи меҳнатии донишкада номида, зикр кард, ки ба туфайли меҳнати созанда ва идроки сиёсии баланди шаҳрвандони вилоят имрӯз сафи ҳизбиён ба 70 ҳазор нафар расида, алҳол раванди қабул ба узвият дар аксари корхонаву ташкилот хуб ҷараён дорад. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ба номи Муҳаммад Осимӣ дар ҳар чорабинии ҳизбӣ фаъолнокии бештар зоҳир намуда, мекӯшанд ҳадафҳои барномавии ҳизбро ҳамвора бо барномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ созанд.
Дар ҷамъомад ба 50  устоди лаёқатманду фаъоли донишкада билетҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Ноябрь 13, 2015 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа