Кормандони АНМН дониши милитсияро такмил медиҳанд
Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ барои ҳайати шахсии шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои тобеи марказ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Семинарҳои мазкур дар чорчӯбаи нақшаи баланд бардоштани сатҳи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ва истеъмоли воситаҳои нашъадор ташкил шуд.
Дар семинар ба иштирокдорон оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, масирҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, қонунгузорӣ, истилоҳоти вобаста ба муомилоти маводи нашъаовар ва намудҳои нави маводи нашъаовар маълумот пешниҳод шуд.
Семинар дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат гузаронида шуда, баргузории он дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






