Коршиноси USAID бо вазъу дурнамои рушди бахши кишоварзию саноат шинос шуд
Душанбе, 11.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Асомиддин Ризоев бо коршиноси USAID оид ба масоили иқтисодиёт Денис Ҳол мулоқот анҷом дод.
Тавре ки ПСС ҶТ хабар медиҳад, мақсад аз ташрифи Денис Ҳол иборат аз муҳокимаи масъалаҳои рушди бахши кишоварзию саноати Тоҷикистон, аз ҷумла фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар соҳаи мазкур, ҳамчунин масоили тиҷорат, интиқоли амвол ва ғайра мебошад.
Асомиддин Ризоев ба меҳмон аз мақсадҳои сиёсати бахши кишоварзӣ, ки иборат аз таъмини рушди ҳамаи бахшҳои кишоварзию саноат, афзун намудани самараи он, густариши рақобатпазирӣ ва таъмини бехатарии маводи ғизоӣ дар заминаи он мебошад, нақл кард.
Мавсуф ҳамчунин коршиносро бо барномаи давлатии рушди картошкапарварӣ дар кишвар барои солҳои 2012 — 2016, ки дар он ба афзун намудани ҳосилнокӣ, парвариши картошкаю сабзавоти пешпазак, зиёд намудани хели онҳо бо усули аз кишварҳои дигар ворид намудани тухмии серҳосил таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, шинос намуд.
«Қонуни ҶТ «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» бояд маҳсули соҳаи мазкур ва растанипарвариро афзун намояд. Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҶТ чун яке аз соҳаҳои ояндадор қабул шудааст. Корхонаҳои паррандапарварӣ аҳолии маҳаллиро бо маҳсулоти худ қариб пурра таъмин менамоянд», — гуфт муовини раиси Палатаи савдо ва саноат.
Қобили зикр аст, ки алҳол дар бахши кишоварзию саноат 6 лоиҳаи сармоягузорӣ иборат аз 100 миллион доллари ИМА дар амал татбиқ карда мешавад, ки он бояд рушди бахши кишоварзию саноат, таҷдиди корхонаҳои мавҷуда, бунёди корхонаҳои нави коркарди маҳсулот, ҳалли вазифаҳои фурӯшу судури маҳсулоти кишоварзӣ, хариди мошинҳои соҳаи кишоварзӣ ва таҷҳизоти технологиро таъмин намояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






