Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба операторони иқтисодии Осиёи Миёна дар самти ҳимояи ҳуқуқӣ
Душанбе, 28.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар чорчӯбаи ташаббуси волоияти қонун барои Осиёи Миёна дар Рим бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати адлияи Италия доир ба ҳимояи ҳуқуқии операторони иқтисодӣ машварат баргузор гардид.
Мизбонони машварати мазкур Суди олии кассатсионии Италия дар якҷоягӣ бо мақомоти озмунҳои Италия ва Донишгоҳи Рома Ла Сапиенза буданд. Дар давоми ду рӯз иштирокдорон аз кишварҳои Осиёи Миёна (Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ба гуфтугӯҳо ва мубодилаи таҷрибаҳо оид ба қонунҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҷалб гардида, бар асоси таҷрибаҳои аврупоӣ дар байни худ доир ба дастоварду таҷрибаҳо, усулҳои пешқадам ва низомномаҳои ҳуқуқие, ки фазои иқтисодиро идора менамоянд, мубодилаи афкор намуданд. Рушду тараққӣ додани қонунгузории иқтисодӣ амнияти ҳуқуқиро ҳамчун пешшарти беҳбудбахшӣ ва такмили фазои кору бизнес ва рушди устувори иқтисодии кишварҳо таъмин менамояд. Дар анҷоми семинар боздид аз муассисаҳои Италия оид ба волоияти қонун дар назар аст.
Дар Конфронси чоруми вазирон (Остона, 14-15 ноябри соли 2014), вазирони адлияи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Миёна “аҳамияти аввалиндараҷаи фазои танзимшавандаи иқтисодӣ барои бизнес ҳамчун як ҷузъи таркибии волоияти қонунро таъкид намуданд”. Онҳо зикр намуданд, ки: “сармоягузории байналмилалӣ танҳо замоне рушд меёбад, ки агар як майдони устувори амалиёт барои фаъолияти бизнес, аз ҷумла, дар соҳаи низомнома ва усулҳои амалисозии қарордодҳо ва ҳуқуқҳои марбут ба моликият, андоз ва низомномаҳо оид ба тиҷорати байнисарҳадӣ эҷод гардида бошад”.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






