Куштори ҷавонзани тоҷик аз тарафи афсари пойгоҳи низомии 201-ум таҳқиқ мешавад
Душанбе, 10.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Фармондеҳии пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия вобаста ба куштори сокини Душанбе аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия тафтишот мебарад. Тавре ки аз раёсати матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои муайян кардани ҷузъиёти куштори сокини шаҳри Душанбе, ки дар ҳудуди пойгоҳи низомии 201-ум ба амал омадааст, комиссияи махсус аз Ҳавзаи ҳарбии марказӣ ба Тоҷикистон фиристода шудааст.
Мувофиқи иттилое, ки дар расонаҳои хабарӣ паҳн шудааст, шаби 5-уми ноябри равон афсари пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков ҷавонзани тоҷик Шоира Ҷобироваро дар хобгоҳи пойгоҳи низомӣ ба қатл расонидааст. То ҳоло сабабҳои куштор маълум нашудаанд. Худи афсари рус дар нахустин бозпурсӣ баёнот додааст, ки «бинобар маст буданаш дар ёд надорад, ки ҳамон шаб чӣ ҳодиса рӯй додааст». Мақомоти тафтишотӣ ин афсари пойгоҳи 201-умро рӯзи 9-уми ноябр дастгир карданд ва ҳоло тафтишот идома дорад.
Маврид ба ёдоварист, ки моҳи августи соли равон ду хизматчии ҳарбии пойгоҳи 201-уми Федератсияи Русия барои қатли шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев ба муддати 13 ва 17 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






