Лоиҳаи безарарсозии экологии собиқ конҳои уран дар Тоҷикистон бо дастгирии ИА
Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Консорсиуме, ки ба он ширкати GEOS (Олмон) сарварӣ мекунад, инчунин бо иштироки ширкатҳои олмонии WISUTEC; WISMUT, GRS ва ширкати Amec Foster Wheeler (Британияи Кабир) корҳои таҳия намудани санади асосмандии техникию иқтисодӣ, баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист ва безарарсозии собиқ конҳои урани Деҳмой ва Табошар оғоз гардид.
Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи санади ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти радиатсионӣ маблағгузорӣ мешавад. Буҷети умумии он 2,4 миллион евро аст. 2 ноябри соли 2015 ҷаласаи нахустини лоиҳа оғоз гардид ва муҳлати татбиқи лоиҳа 2 сол мебошад.
Лоиҳаи мазкур барои Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад, чунки он на танҳо ба безарарсозии ҳудуди конҳои аз моддаҳои радиоактив заҳролудшуда равона шудааст, балки лоиҳаи озмоишиест, ки муайян кардани меъёрҳои ҳамин гуна лоиҳаҳои безарарсозӣ дар минтақаро ба нафъи мардуми Тоҷикистон ҳадаф қарор додааст.
Лоиҳа давра ба давра амалӣ гардида, дар он заминаи меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадқиқи партовҳои объектҳои гуногун ва конҳои уран, олудашавии радиоактивӣ ва ғайрирадиоактивии ин конҳо ва вобаста ба ин хавфу хатари заҳролудшавӣ таҳлил шуда, баъдан стратегия ва қарорҳои мувофиқ оид ба безарарсозӣ вобаста ба шароити маҳал таҳия мегарданд.
Лоиҳа мутобиқи таҷрибаи пешқадам ва меъёрҳои байналмилалӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ки ин аз ҳар ҷиҳат барои кишвар ва мардуми он манфиатбахш мебошад.
Лоиҳаи як қисми стратегияи умумии безарарсозии экологии собиқ конҳои уран дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад. Дар марҳилаи аввал таҳияи барномаи мушаххасу муфассали безарарсозии иншооти асосии собиқ конҳои уран дар назар аст. Дар марҳилаи дуюм иҷрои корҳои безарарсозии чанд кони урани Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки ин корҳо дар доираи фонди гуногунсоҳаи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд «Барномаи безарарсозии муҳити зист дар Осиёи Марказӣ» маблағгузорӣ шаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






