М.Анварзод: Принсипи асосии давлатдорӣ адолат аст

Ноябрь 19, 2015 06:41

Душанбе, 19. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- «Масъалаи миллат ва дин, низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом имрӯз масъалаи муҳими ҳаётӣ ва сиёсии на танҳо минтақаи мусулмонӣ ва кишварҳои мусулмонӣ, балки мушкилоти тамоми ҷаҳон гаштааст.  Мушкилоти масъала дар он аст, ки назарияи илмии методологии масъала  ба таври зарурӣ коркард нашудааст, яъне агар мо дақиқан назар кунем, масъалаи бархурди миллат дар таърифи дин ва таърифи  дин дар бораи миллат  тарафҳои норавшани зиёд доранд»,-гуфт котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ Маҳрами Анварзод зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар». 
Тавре ки қаблан  иттилоъ додем, имрӯз дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ  дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом»   ба кори худ оғоз кард. 
Дар конфронс Маҳрами Анварзод дар масъалаи «Бархӯрди идеологии идеяи миллат ба дин дар олами ислом» маърӯза хоҳад кард. 
Бино ба гуфтаи  мусоҳиб, дар дохили кишварҳои мусулмонӣ, дар дохили идеологияи исломӣ, ҳамчунин ташаккул ёфтани идеяи миллат чун ҷузъи асосӣ ва пояи асосии давлатҳои миллӣ,  минбаъд як мушкилоти дигареро барои муборизаҳои идеологии сиёсӣ дар ҷаҳони ислом ба вуҷуд овард.  «Дар ин замина имрӯз мо ба як мушкилоти идеологӣ рӯ ба рӯ гаштем, ки то ҳол баҳсу мунозира дар сари низоми  сиёсӣ,  яъне кадом низоми сиёсӣ барои давлатҳои мусулмонӣ ва мусулмонон зарур аст, пеш омадааст.  Баъзе касон  кӯшиш мекунанд низоми сиёсии давлатҳои мусулмониро аз нигоҳи ислом муайян кунанд. Ба мисли бунёди як хилофати исломӣ,  давлати исломӣ, дигар низомҳои сиёсӣ. Вале мо ба як масъалаи бисёр дақиқ мехоҳем равшанӣ андозем, ки то ҳол дар ягон сарчашмаҳои исломӣ дақиқан муайян нашудааст. Яъне мусулмонон дар низоми давлатдории хилофати исломӣ,  ё  давлати демократӣ ё давлати исломӣ  бояд зиндагӣ кунанд. Дар ягон сарчашмаи исломӣ дақиқан ин масъала муайян нашудааст»,-иброз дошт М.Анварзод.
 Ба гуфтаи мусоҳиб, принсипи асосии давлатдорӣ,  яъне низоми сиёсӣ дар ислом ин адолат аст. Бинобар ин вақте баҳс дар бораи идеяи сиёсӣ, яъне идеологияи исломӣ бо номи хилофати исломӣ меравад, пеш аз ҳама, ҳамон идеология, арзишҳои фарҳангӣ,  мероси миллӣ, анъанаву маросим, ҳама он рукнҳои дигаре, ки таърихи миллатро ба ҳам мепайванданд, инкор шуда,  ба ҷои он як идеяи хилофати умумиро меоранд, ки воқеан ҳам ин проблема на танҳо аз кишварҳои исломӣ,  балки аз доираи минтақаи кишварҳои мусулмонӣ низ берун шудааст.  «Имрӯз Тоҷикистон низ ба ин баҳсҳои идеологӣ ворид шуда истодааст. Мо имрӯз бо коршиносону олимон ва муҳаққиқон кӯшиш мекунем қисмати назариявиеро, ки барои ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон бисёр муҳим аст, мавриди баҳс қарор диҳем.  Яъне  ба  масъалаи то чӣ андоза метавон аз лиҳози илмию назариявӣ баҳси миллат ва динро дар доираи манфиати давлати миллӣ роҳандозӣ кард, бояд равшанӣ андохт.   Пеш  аз ҳама, дин бояд дар чаҳорчӯбаи қонуну қонунгузорӣ ва манфиати давлати миллӣ роҳандозӣ шавад.  Мо  бояд кӯшиш намоем, то   идеяи миллии мо низ ҳамин  андешаҳоро фарогир бошад. Агар мо куллан ба идеяи фаромиллӣ равем,  дар он сурат давлати миллиро аз даст медиҳем.  Бинобар  ин мо бояд ташаккули идеяи динниамонро  зери доира ва манфиати давлати милливу низоми сиёсии дунявӣ ба роҳ монем. Дар  он сурат мо метвонем ҳадафу манфиатҳои давлати дунявӣ ва давлати миллии хуро дифоъ кунем»,-илова намуд М.Анварзод

 

Ноябрь 19, 2015 06:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ