М. Муинӣ: «Дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ беш аз 460 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд»
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ “Ховар”). -Бо мақсади тарғибу ташвиқи Парчами давлатӣ, баланд бардоштани мақоми он ва бедор кардани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва аҳли илму адаб гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис ёфта, дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо баргузор гардиданд.
Дар вохӯриҳое, ки дар Госпитали марказии 514-и ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Литсейи ҳарбӣ, Раёсати қӯшунҳои зудамал ва Баталйони сулҳҷӯёна гузаронида шуданд, К. Олимов — ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Н. Қосим — раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Х. Саидов — мудири кафедраи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва М. Муинӣ — муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳайати гурӯҳи таблиғотиро ташкил медоданд, иштирок карданд.
Муовини якуми раиси кумита Муинӣ Мавсума Муинзода зикр кард, ки парчам рамзи сулҳу ваҳдат буда, моро лозим аст ба қадри ин рамзи давлатӣ, яъне парчами миллӣ расем ва баҳри пойдориву парафшонии он талош варзем, чунки он шиносномаи миллат, муаррифгари давлат ва ифодагари халқи бузурги соҳибтамаддуну бофарҳанги тоҷик буда, кишварҳои дигар дар симои он миллати тоҷикро мешиносанд ва эътироф менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки дар соли ҷорӣ бо шарофати варзишгарони тоҷик зимни иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ беш аз 460 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.
Аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбозони қисмҳои низомӣ маводи беҳдоштӣ туҳфа шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






