М. Убайдуллоев аз прокуратураи шаҳр дархост кард, то зерсохтори «Барқи Тоҷик»-ро санҷиш намояд
Душанбе, 17.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Маҳмадсаид Убайдуллоев -шаҳрдори Душанбе омодагии «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе»-ро ки зерсохтори ШСХК “Барқи Тоҷик” аст, ба мавсими тирамоҳу зимистон ғайриэътимод арзёбӣ карда, изҳори нигаронӣ намуд. Мавсуф аз масъулини зерсохтори “Барқи Тоҷик” талаб кард, ки дар ин самт тадбирҳои муассиртар андешанд. М. Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз прокуратураи шаҳр хоҳиш намуд, ки ҳолати воқеии омодагии ин ниҳоди хизматрасонро барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мавриди санҷиш қарор диҳад.
Бояд тазаккур дод, ки раиси шаҳр ғайрибоварибахш маънидод намудани омодагии зерсохтори “Барқи Тоҷик”-ро дар пойтахт дар асоси таҳлили муроҷиати сокинон ба телефонҳои навбатдории шабонарӯзии шаҳрдорӣ доир ба вазъи таъминоти шаҳр бо неруи барқ матраҳ намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






