М. Убайдуллоев ба В. Матвиенко омӯзиши забони русиро барои муҳоҷирони меҳнатӣ масъалагузорӣ намуд
Душанбе, 28.11.2015.(АМИТ “Ховар”).- “Дар партави равобити ҳасанаи байнипарлумонӣ, ҳамкории судманди дуҷонибаи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Русия беш аз пеш тавсеа меёбад”, гуфт зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия. Дар мулоқот, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир гардид, масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, густариши равобити иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ матраҳ гардиданд. Зикр шуд, ки ҷалби сармояи мустақими Русия дар лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон тавассути татбиқи созишномаҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ, инчунин санадҳои дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонии Тоҷикистон — Русия: “Неруи ҳамкории байниминтақавӣ” қабулшуда мувофиқи мақсад аст.
Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар иртибот ба ҳамкории дуҷониба дар сатҳи сифатан нав амалӣ намудани омӯзиши забони русӣ, хусусан барои теъдоди муайяни муҳоҷирони меҳнатӣ масъалагузорӣ намуд. Инчунин бо истифода аз дастовардҳои муосири илмию технологӣ ва инфрасохторӣ таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ матраҳ шуд.
Мусоҳибон изҳор доштанд, ки тамоми таҷриба ва имконоти парлумонҳо дар фазои ҳуқуқӣ баҳри татбиқи иқдомҳои нек ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои мухталиф нигаронида мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






