М. Убайдуллоев Ф.Сянжунро ба ҳузур пазируфт

Ноябрь 13, 2015 05:33

Душанбе, 13.11.2015.(АМИТ«Ховар»).- Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Фан Сянжун- сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бинобар анҷом ёфтани ваколати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фаъолияти мувафаққона анҷомдодаи  Фан Сянжун ҳамчун сафир дар таҳкими муносиботи ҳасанаи Тоҷикистону Чин, хусусан тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ изҳори сипос намуд. Зикр шуд, ки амалисозии сиёсати пайгирона ва созандаи сарварони кишварҳо дар бахшҳои сохтмони роҳу нақбҳо, нақлиёт, коммуникатсия ва хаттҳои баландшиддати барқӣ, далели муносиботи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорист. 
Фан Сянжун гуфт, ки минбаъд низ баҳри таҳкими робитаҳои ҳасанаи ду кишвари ҳамсоя саъй хоҳад кард.

Ноябрь 13, 2015 05:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа