Маҷмӯаи «Фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр шуд
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар маҷмӯаи оморӣ оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010-2014 маълумот пешниҳод шудааст. Дар бораи содирот, воридоти мол ва хизматрасонӣ барои якчанд сол бо тақсимоти ҷуғрофии мамлакатҳо ва минтақаҳо, динамикаи гардиши савдои хориҷӣ, содирот, воридот аз рӯи мамлакатҳои ИДМ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон, оид ба содирот, воридоти хизматрасониҳои байналхалқӣ аз рӯи намуд ва мамлакатҳо, дар бораи фаъолияти корхонаҳои муштарак, сармояҳои мамлакатҳои хориҷи наздик ва дур маълумот оварда шудаанд.
Манбаи маълумоти иттилоотии пешниҳодкардаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо ва ташкилоти ҷумҳурӣ, ки субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ мебошанд, ба шумор мераванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






