Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Сардор Аёз Содиқ амнияти минтақаро баррасӣ намуданд
Душанбе, 27.11.2015).-Таҳкими ҳамкории парлумонии Тоҷикистону Покистон дар меҳвари мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардор Айёз Содиқ -раиси Ассамаблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар дар қасри Таврическии Санкт-Петербурги Русия доир гардид, қарор дошт.
Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба сафари давлатии пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки 11-13 ноябри соли равон ҷараён гирифт, ибрози назар намуда гуфт, ки натиҷаҳои он шаҳодати азми самимии ҳарду ҷониб ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷабҳаи байнидавлатӣ ва ҳамкории минтақавист.
Бо дахли тавсеаи ҳамкории парлумонӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки дар густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкории дуҷониба дар тамоми бахшҳо тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Ҷумҳурии Исломии Покистон саҳми босазо хоҳад гузошт.
Бо истифода аз таҷрибаи ҳамкории тарафҳо дар сатҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ зикр гардид, ки Парлумони Тоҷикистон бо парлумонҳои Осиё дар доираи Ассамблеяи Парлумонии Осиё ҳамкории судманд дорад. Вобаста ба ин мо иқдоми ҷониби Покистонро дар мавриди созмон додани Парлумони Осиё ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем, таъкид кард, М. Убайдуллоев.
Зикр шуд, ки муносибатҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, махсусан татбиқи лоиҳаи CASA-1000, коммуникатсия, кишоварзӣ ва дар дигар самтҳо ҷалби сармояи покистонӣ барои Тоҷикистон зарур аст ва ин дар таъмини рушди устувори мамлакат заминаи воқеӣ мегузорад. «Мо ҳамеша омодагии хешро барои пайвастани роҳҳои оҳану мошингард, шабакаҳои барқии байни ду кишвар чун василаи густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ таъкид менамоем. Дар ин росто ба имзо расидани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, пайвастани Тоҷикистон ба Созишномаи чорҷонибаи Покистон-Чин-Қирғизистон-Қазоқистон роҳи муассири густариши тиҷорат арзёбӣ мегардад», афзуд раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамзамон бо дахли масъалаҳои умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ раиси Маҷлиси миллӣ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар таъмини амнияти минтақа саҳми назаррас гузошта, имрӯз дар самти мубориза бар зидди таҳдиду даъватҳои номатлуби замон, ба монанди терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳои таъхирнопазир меан¬дешанд.
Сардор Аёз Содиқ аз мавқеъ ва назари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Покистон омодааст баҳри татбиқи ҳадафҳои мутаносибан судманд қадамҳои боз ҳам устувор ниҳад ва дар ин саҳми Парламенти Покистон сазовор хоҳад буд.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






