Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ин аъмоли ғайриинсонии як идда ҷинояткор ҳеҷ вақт ба ислом рабт надорад
Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шоми дирӯз, 13 ноябр дар пойтахти Фаронса шаҳри Париж ва кулли Аврупоро таркишҳои мудҳиши террористӣ ва тирпаррониҳои шадид такон дод. Дар натиҷаи ин амалҳои даҳшатбори террористон зиёда аз 155 нафар ҳалок ва даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд. Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода зимни суҳбат бо хабарнигори Радиои “Ховар” зикр намуд, ки ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки бо номи дини мубини ислом пӯшиш медиҳанд, ҳеҷ вақт наметавон ба ислом рабт дод, балки амалҳои даҳшатбори ин ҳаводис имрӯз аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо менамояд, ки барои фардои фарзандонамон, барои ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин неруҳои аҳриманӣ, ки ҳаёти аҳли башарро ба хавф гузоштаанд, мубориза барем. Номбурда изҳор дошт: «Ҳодисаи мудҳише, ки дирӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Фаронса шаҳри Париж рух дод, тамоми аҳли башариятро ба ташвиш овард, зеро ин ҳодиса низ ба номи дини мубини ислом муаррифӣ гардид. Албатта, мо ин амали террористиро маҳкум мекунем ва таъкид карданӣ ҳастем, ки ин идея, идомаи ҳамон фаъолияти созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” аст ва ин ҳолат тамоми кишварҳои ҷаҳонро водор менамояд, ки зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро як лаҳза ҳам сарфи назар накунанд. Созмонҳои террористӣ ва ҷангҷӯёне, ки дар дунё амал мекунанд, имрӯз ба сифати бренд ва муд даромадааст, ки худро аз номи дини мубини ислом муаррифӣ кунанд ва корҳои даҳшатафкану нопоки худро дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон амалӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои алоҳидаро ноором созанд».
Ёдовар мешавем, ки силсилаамалҳои мудҳиши террористӣ, ки шоми дирӯз дар Париж руй доданд, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон карда, хатари ҷиддӣ доштани созмонҳои террористии гурӯҳи ифротгарои ба ном “Давлати исломӣ”, «Ал-қоида» ва монанди инҳоро барои инсоният возеҳ нишон доданд. Терроризм бар зидди ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ҷанг эълон кардааст ва роҳбарони ҳама кишварҳоро мебояд муборизаи якҷояро ба муқобили ин вабои аср роҳандозӣ кунанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






