Маскав: Вашингтон аз ҳувияти омилони қатли халабони рус огоҳ аст
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар») — Сухангўи Вазорати корҳои хориҷии Русия мегўяд, Маскав итминон ёфтааст, ки Вашингтон дар бораи ҳувияти омилони қатли халабони ҳавопаймои ҷангии русӣ, ки нерухои ҳавоии Туркия дар Сурия онро сарнагун карданд, иттилоъ дорад.
Мария Захарова рўзи панҷшанбе дар як конфронси матбуотӣ дар Маскав гуфт: «Бояд таваҷҷуҳи Вазорати корҳои хориҷии Амрикоро ба ин воқеият ҷалб кунам, ки тамоми иттилооти вобаста ба касоне, ки аз замин халабони русро ҳадаф қарор доданд, ҳамрох бо тасвирҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд аст».
Вай афзуд, барои мо маълум аст, ки Амрико дақиқан медонад ин афрод чӣ касоне ҳастанд. Вай ҳамчунин изхороти Вазорати корҳои хориҷии Амрикоро дар хусуси ин ки қатли халабони рус дар ҳоли фуруд омадан бо чатри наҷот дар ростои дифоъ аз худ будааст, носанҷида хонд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






