Медалҳои нуқра ва биринҷии хонандагони гимназияи «Ҳотам ва ПВ» аз олимпиадаи байналмилалии Таиланд
Душанбе, 9. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Хонандагони синфҳои 7-ум ва 8-уми Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ» аз 1 то 7 ноябр дар 12-умин олимпиадаи байналмилалӣ оид ба математиқа ва илмҳои дақиқ -2015 IMSO дар Таиланд иштирок намуданд. Дар натиҷа хонандагони ин гимназия ҷойҳои дуввум ва сеюмро сазовор гаштанд. Бино ба гуфтаи намояндаи ин гимназия Тӯйчӣ Рашидов дирӯз иштирокчиёни олимпиадаи байналмилалӣ ба Ватан баргаштанд.
«Далер Пиров дар олимпиада медали нуқра ва ҷои дуввумро сазовор гардид. Глеб Петухов, Умедҷон Икромов, Шохрух Исоматов ва Бахтовар Ҳотамов ҷои сеюм ва медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд. Мутаассифона, ба Далер Пиров барои гирифтани ҷои якум якчанд хол нарасид. Вале бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар ин олимпиада дар даҳгонаи беҳтарин мебошад. Дар ин олимпиадаи бонуфуз хонандагони беш аз 20 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Хонандагони мо аз рӯи натиҷа аз Эрону Қазоқистону дигар давлатҳо пешсаф буданд»,-гуфт Тӯйчӣ Рашидов. Бино ба гуфтаи мусоҳиб дар ин олимпиада дигар давлатҳо 3-4 бор аст, ки ширкат меварзанд, хонандагони Тоҷикистон бори аввал иштирок доранд ва ба ин нигоҳ накарда натиҷаҳои хуб нишон доданд. «Ҳатто ташкилкунандагони ин олимпиада зикр карданд, ки хонандагони тоҷик мисолҳои душворро дар қатори хонандагони чиниву ҳинду ҳал карда тавонистанд»,-илова намуд Тӯйчӣ Рашидов. Роҳбари дастаи гимназияи Ҳотам ва ПВ оид ба математика, хатмкардаи ин гимназия Олимҷони Пираҳмад дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки барои иштирок дар ин олимпиада онҳо бо мактаббачагон 1 ҳафта тайёрӣ дидаанд. «Бояд хотиррасон кунам, ки олимпиада бо забони англисӣ гузашт ва мо математикаро ба хонандагон бо забони англисӣ меомӯзондем. Мо то оғози олимпиада дар гимназия байни хонандагон олимпиадаҳо гузарондем, то бачаҳоро хубтар омода намоем. Хонандагони гимназияи мо дониши хуби худро ба ҳама нишон доданд. Онҳо на танҳо дониши математикӣ, балки забондонии худро нишон дода, аъзои ҳакамонро дар ҳайрат гузоштанд», — илова намуд Олимҷони Пираҳмад. Хотиррасон мекунем, ки хонандагони ин гимназия дар дигар озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






