«Меваи Канд» ба коркард ва бандубасти чормағзи заминӣ пардохтааст

Ноябрь 24, 2015 03:58

Душанбе, 24.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафар ба шаҳри Конибодом бо фаъолияти ҶДММ «Меваи Канд» ошноӣ пайдо кард. 
«Меваи Канд» ба коркард ва бандубасти меваи хушк машғул буда, аз моҳи августи соли гузашта фаъол гаштааст. Иқтидори истеҳсолии корхона  коркарди 5 тонна мева дар як рӯз мебошад. «Меваи Канд» асосан барои содирот маҳсулот мебарорад ва бозори истеъмолии онро ҷумҳуриҳои Украина ва Русия ташкил медиҳанд. Корхона ашёи хомро аз  Конибодом, Ашту Бобоҷон Ғафуров ва Исфараю Мастчоҳ дастрас мекунад. Имрӯз дар корхона ба коркард ва бандубасти чормағзи заминӣ машғуланд, ки онро аз деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ дастрас кардаанд. 
Роҳбарияти ҷамъият нақша доранд то охири сол бо ворид намудани таҷҳизоти муосир хатти нави технологиро ба кор андозанд.

 

Ноябрь 24, 2015 03:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид